Автобус-ҲАММОМ дар Душанбе: баҳона аз сӯзишворӣ ва фреон

“Что за баня?” Ин ҷумлаест, ки рӯзе баъд аз тамом шудани нишасти хабарӣ ҳангоми ба ҷои кор омаданам дар дохили автобуси мусофиркаши №3 шунидам. Зани русе ба автобус даромадан замон ин ҷумларо ба забон овард ва фавран фаромад. Гуфтаи он зан ҳам ҷон дорад.

Чун ҳозир тобистон аст ва ҳарорати ҳаво 36-38 дараҷаро ташкил медиҳад, агар боре ба афтобус савор шавед, фикр мекунед, ки ба ҳаммом дохил шудед. Чунон гарму буғ аст, ки бо бӯи арақи аз тан мешорида ҳавои бадеро ба вуҷуд меорад ва нафаскаширо мушкил мегардонад. Ҳамаи мусофирон ба ҳам зич меистанд ва қариб фосилаи иҷтимоӣ риоя намешуд. Ҳол он ки бемории вогири коронавирус  пурра нест нашудааст.

Чаро он кондитсионерҳое, ки автобусҳо дар оғози фаъолияти худ доштанд ва мусофирон аз ин иқдом изҳори хушнудӣ мекарданд, аз кор кардан бозмонданд? Агар ягон шаҳрванди хориҷӣ ба дохили ин намуди нақлиёт савор шавад, чӣ мегуфта бошад? Ҳол он ки ин автобусҳо дар маркази шаҳр фаъолият доранд. Магар масъулон ба ин камбудии ҷойдошта бо чашми пӯшида нигоҳ мекунанд? Ашхоси дорои бемории диққи нафас ва дигар намуди бемориҳо дар ин автобусҳо чӣ хел нафас мекашида бошанд?

Аз ронандаи яке аз ин автобусҳо пурсон шудем, ки чаро ин тавр аст? Дар посух гуфт, ки мо якум аз сӯзишворӣ (солярка) танқисӣ мекашем ва дуюм, барои кондитсионерҳо “фреон” лозим аст, лек ҳамон “фреон” нест, ки мо кондентсионерҳоро ба кор дарорем.

Аз ин маълум мешавад, ки масъулони болоӣ фориғболӣ мекунанд ва ба ин мушкилот расидагӣ намекунанд. Барои фаҳмидани ин камбудии ҷойдошта мо ба Ҷумъахон Давлатов, директори МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” занг задем ва ӯ дар посух гуфт, ки банда аз ин мушкилот огоҳӣ надорам ва таъмини сӯзишворӣ ба зиммаи КВД “Автобус-1” аст. Шояд масъулини ин корхона фориғболӣ мекунанду ин камбудиро нодида мегиранд.

Баъдан, мо бо Баҳодур Рабихов, роҳбари КВД “Автобус-1” дар иртибот шудем ва ин мушкилотро гуфтем. Рабихов афзуд, ки салоҳияти таъмин кардани сӯзишворӣ дар мост, вале “фреон”-ро дигар корхона таъмин мекунад. Мо шифоҳӣ посух дода наметавонем, танҳо дар асоси протоколи тартибдодаи МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба шумо иттилоъ дода метавонем.

Аммо директори МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” гуфт, ки ба роҳбари КВД “Автобус-1” занг занед, он кас ба саволҳои шумо посух медиҳанд. Вале роҳбари КВД “Автобус-1” боз дигар чиз мегӯяд…

Ба кӣ бовар кунем? Кӣ ба мо посухи дуруст медиҳад?

Бахтовар Сафаров,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *