Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аввал лоиҳа, баъд иншоот!

Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ»  яке аз сохторҳои муҳими Кумитаи меъморӣ ва сохтмони  назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Корхона 4 июли соли 2006 таъсис ёфта, фаъолияташ бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла иҷро ва ба танзим даровардани барномаҳои  бунёдӣ ва амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи сохтмон барои таъмини муҳити зисти боэътимод, бехавф ва бо ҳузуру ҳаловати  инсон дар биноҳо ва ҳудудҳо равона карда шудааст.

Улуғбек Умаров, директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ» 

Пажӯҳишгоҳ раванди ҷараёни талаботи имрўзаи илму техника, шаҳрсозӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонро омўхта, вобаста ба самтҳои афзалиятноки он номгўи корҳои илмию тадқиқотиро таҳия менамояд ва дар асоси нақшаи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро амалӣ месозад.

Андозаҳо ва ҳаҷми маҳсулоти сохтмонӣ ва раванди истеҳсоли онҳо ҳамеша дар мадди назари танзими техникии давлатӣ қарор дошт. Чунин танзимкунӣ дар заминаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрии сохтмонӣ татбиқ карда шуда, он меъёрҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатии сохтмонии масолеҳ ва ашёро дар бар мегирад.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ҳам амсоли аксари кишварҳои аъзои ИДМ ҳамчун асоси ҳамкорӣ дар соҳаи таҳияи лоиҳаҳои иморатҳо ва иншоот, инчунин барои табодули тиҷоратии масолеҳ ва ашёи сохтмонӣ  низоми ягонаи ҳуҷҷатҳои меъёрии сохтмониро нигоҳ дошт.

Ҳамзамон, чун дар дигар кишварҳои аъзои ИДМ дар Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб ташкили  низоми миллии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи сохтмон шурӯъ гардид.

Дар ҳолати 1 июли соли 2020 дар соҳаи сохтмон 1517 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ амал мекунанд, ки аз ин шумора 53% (804 номгӯй) ба стандартҳои миллӣ ва байнидавлатӣ, 10,6% (161 номгуй) ба меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, 28,1% (427 номгуй) – ҳуҷҷатҳои меъёрии иқтисодӣ ва нархгузорӣ ва 8,3% (125 номгуй) ба дигар санадҳои меъёрии танзимдарорандаи  соҳаи сохтмон рост меоянд.

Раванди батанзимдарории меъёрию техникӣ амали мунтазам аст ва минбаъд низ бо ин мақсади санадҳои соҳа мавриди таҳия, азнавсозӣ ва мутобиқкунӣ қарор хоҳанд гирифт.

Лоиҳаи намунавии “Беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой”

Яке аз самтҳои фаъолияти пурсамари пажӯҳишгоҳ таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншооти таъиноташон гуногун мебошад. Бояд қайд кард, ки пажӯҳишгоҳ дар муддати на чандон зиёд фаъолияти назаррасе дар самти лоиҳакашӣ ба анҷом расонидааст, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии зиёда аз 60 номгўи иншооти сохтмонӣ. Таъиноти иншооте, ки таҳияи онҳоро пажӯҳишгоҳ ба зимма мегирад, хеле васеъ буда, аз биноҳои манзили камошёна, баландошёна оғоз гардида, то биноҳои муассисаҳои маълумоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ, биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва савдоро дар бар мегирад.

Ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи сохтмон пажӯҳишгоҳ барномаҳои махсусгардонидашудаи компютериро таҳия ва мавриди истифода қарор додааст. Барномаҳои компютерии “Иттилооти шаҳрсозӣ” ва “Истилоҳоти  шаҳрсозӣ” аз ин қабил мебошад.

Барои меҳнати пурмаҳсул ва дастовардҳои соҳавӣ пажӯҳишгоҳ соли 2010 ҳамчун ғолиби озмуни панҷуми байналмилалӣ, ки аз ҷониби Шўрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил гардид, пазируфта шуда, соҳиби дипломи ғолиби озмун гардид. Ин  боиси ифтихори кормандони корхона мебошад.

Улуғбек УМАРОВ, директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ» 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.