Аввалин муҳаққиқи табиати кӯҳистон

Очерк

Ӯ умри худро сарфи омӯзиши табиати Тоҷикистон кард, ба ин васила ном ҳам ёфту нон ҳам. Аз ҳама муҳим асрори табиати кишварашро барои ояндагон боз намуд. Оре, профессор Неъматулло Сафаров аз ҷумлаи чунин фарҳехтагон мебошад.

Муаррифинома

Сафаров Нейматулло Маҳмадуллоевич, мудири лабораторияи илмӣ–тадқиқотии ҳифзи табиати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба Конвенсияи СММ доир ба гуногунии биологӣ, доктори илмҳои биология унвони докториро дар Институти ботаникаи АИ Федератсияи Россия дар  шаҳри Санкт -Петербург дифоъ намудааст.   Фаъолияти кории Н. Сафаров аз лабаранти калони Институти ботаники АИ Тоҷикистон(соли 1970); аспиранти кафедраи ботаникаи Университети миллӣ(1971-1974), муҳандиси калони “Маркази табиати» ГУГК СССР(1976-1978), корманди калони илмии ҳамин “Марказ”(1978-1980), мудири сектори кайҳонии мониторинги табиат(1980-1983); Мудири лабораторияи Аэрокайҳонии мониторинги муҳити зисти ҳамин “Марказ”(1984-1990), солҳои 1986–1988 адои вазифа , бо ҳайси мушовири калони директори Агентии геодезӣ ва картасозии Афғонистон фаъолият намуда, дар асоси аксҳои кайҳонӣ нақшаи экологиву иқтисодии минтақаи Қундуз, Балх ва Ҳавзаи дарёи Пули Хумриро сохта, дар нақша пешниҳодҳо оид ба истифодаи самараноки ин минтақа коркард шуда, ба Ҳукумати ҳамон давраи ин кишвари ҳамсоя пешниҳод карда шуда буд  Барои ин коркард Н. Сафаров ба медали “Аз ҷониби мардуми қадрманди Афғонистон” мушараф гардонида шудааст. Муовин ва муовини аввали вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон(1990-1998), иҷрокунандаи вазири ҳифзи табиати ҶТ (1996-1998) мебошад. Муаллифи монография ва мақолаҳои сершумори илмӣ.

 Падар бисёр мехост, ки фарзандашро китобхону соҳибмаълумот бинад. Вақте Неъматулло ба мактаб рафт, шодӣ рехт. Ӯ ҳамеша бо муҳаббат ба фарзанди худ муносибат мекард ва орзуҳои зиёде аз ояндаи вайд дошт.

Доктори илмҳои биология, нахустин муҳаққиқи табиати кӯҳистон Неъматулло Сафаров, даврони кӯдакии хешро ба ёд оварда, худро ҳар замон дар дунёи наврасӣ миёни талу пуштаҳои пургули диёраш мебинад. Аз дур майсаву гулҳои кӯҳистон алвонҷ хӯрда, ба истиқболи   Неъматуллои орзупарвар дуруд мегӯянд.  Аз миёнаҷои дарра ба кӯҳҳои мӯъҷизаноки  Сарихосор  менигараду дар қалби кӯчакаш афсонаҳои бобоӣ ба ҷилва меоянд…

Вақте Неъматуллои  ҷавон барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе рахт баст, аз дил гузаронд, тасаввур кард, ки аз гӯшае волидайнаш даст ба дуо доранду кӯҳҳои Сарихосор хайрухуш. Нохост аз синаи кӯҳҳои азизаш садои ошноеро шунид:

 — Неъматуллои  азиз, акнун дари бахту саодат ба рӯят кушода гардид, ту фарзанди кӯҳистонӣ, мисли кӯҳҳо далеру қавиирода ҳастӣ, хон маълумот гир…

Албатта барои фарзанди диёри дурдасти кӯҳистони тоҷик дар марказ  таҳсил намудан осон набуд. Лекин азму иродаи қавии Неъматулло буд, ки вай дар як муддати кӯтоҳ касбашро аз худ намуд. Ӯ дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И Ленин (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) бештар ба мутолиаи китоб, рӯзномаю маҷаллаҳо банд мешуд, дар лаборатория  ҷояш буду танҳо ба ташхиси буттаҳо  машғул мегашт..

Акнун  Неъматуллои  ҷавон аз сиру асрори табиат, муҳити зист бештар огоҳӣ меёфт. Ба  корҳои илмӣ пажӯҳишӣ даст зада, тарзи омода кардани нахл, қатору нақши  буттаҳоро  хуб омӯхт. Дар давраи таҳсил Неъматулло  ба  зистшиносӣ  ва умуман илми биология ошноӣ пайдо карда, ба ин соҳаи нав сахт меҳр баст. Неъматулло пайваста ба омӯзиш машғул гашта, баъди мутолиаи асарҳои  олимони табиатшинос ба хулосае омад, ик ниёгони мо ҳазор сол пеш ба китобату эҷоди асарҳои табиатшиносӣ  даст задаанд. Ҳарчанд он айём чопхонаҳо вуҷуд надоштанд, аммо миллати бофарҳанги тоҷик пайваста эҷод ва шоҳкориҳо кардааст.

Неъматулло Сафаров баробари мутолиаи асарҳои   Дарвину Глинский,  Федченко,  Павловскии, Камелин китобу маъхазҳои таърихии миллати тоҷикро мехонд. Ошноӣ бо асарҳои Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём  ва асарҳои аллома Бобоҷон Ғафуров ба Неъматулло   имконият дод, ки ба бисёр масъалаҳои муҳими табиатшиносӣ  ошноӣ пайдо созад. Акнун фикру нияти вай бештар ба омӯзиши  сарватҳои кӯҳистони  Ҷумҳурии Тоҷикистон банд буд.  

Баъди хатми донишгоҳ пурра ба кори илмӣ  ворид гардид ва бо роҳбарии устодаш  доктори илмҳои биология зиндаёд Маҳмуд Исмоилов ба омӯзиши  буттаҳо хосияти онҳо дар кӯҳистон шурӯъ  намуд. Вай рисолаашро  бевоиста аз омӯзиши олами набототи Помиру Олой пурра кард. Дар ин самт метавон Неъматулло Сафаровро  аввалин олими тоҷик  номид, ки дар ин роҳ  кашфиётҳои илмӣ кардааст.

Баъди хатми  донишгоҳ дар риштаи аспирантура таҳсили илм намуд. Сипас, Неъматулло Сафаров чун муҳаққиқи ҷавон ва олими боистеъдод фаъолияти минбаъдаи худро дар Маркази илмии НПО «Таджикаэрокосмогеодезия»  идома дод. 

Дар ин давра, бо ташаббуси бевоситаи  Неъматулло Сафаров   гузарондани чорабиниҳои  илмӣ-пажӯҳишӣ аз қабили баргузории  конфронсу  шабнишиниҳои  биологӣ, суолу ҷавоб ва викторинаҳои  илмӣ ба ҳукми  анъана даромаданд. Акнун мақолаҳои илмии  олими ҷавон  Н. Сафаров   тез-тез дар саҳифаи рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ  ба табъ  мерасиданд. Баъди нашр шудани як силсила мақолаҳои илмии вай дар мавзӯи  биолгияи  муосир ва  алоқаи он бо дастоварҳои ҷаҳонӣ  олимони шинохтаи ҳамонвақтаи шӯравӣ   аз  шаҳри Москва  ба ин олими ҷавони тоҷик  тавваҷуҳ  пайдо карданд. Ҳамон солҳо   аввалин мақолаҳои  илмии вай  дар  маҷаллаҳои  бонуфузи Руссия  аз чоп баромаданд.

Доктори илмхои биология  Неъматулло Сафаров муаллифи 11 монографияи илмӣ ва 223 мақолаҳои илмӣ–амалӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат мебошад. Таҳти роҳбарии Н. Сафаров се номзади илмҳои биологӣ ва иқтисодӣ тарбия ёфтаанд, Ҳоло роҳбари илмии чор нафар унвонҷӯи илмӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат  мебошад.   Корҳои зиёди илмии Н.Сафаров ба таҳлил ва баҳодиҳии табиати Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон, Сурия, Камбоҷа бахшида шудаанд. Бо муаллифии Н.Сафаров ду “Барномаи давлатии экологии Тоҷикистон барои солҳои 1998–2008 ва 2009–2019” таҳия гардида, ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Тамоми фаъолияти экологии Тоҷикистон чӣ дар сатҳи глобалӣ , минтақавӣ ва миллӣ дар доираи ҳамин барномаҳои моҳияти миллӣ ва байналмилалӣ дошта, амалӣ мегардаанд.  

Фаъолияти илмии Н.Сафаров дар соҳаи экология, географияи наботот, гиёҳотшиносӣ, рушд ва эволютсия ҷамоаи набототи ёбоӣ ва маданӣ, тасниф ва маҳсулнокии экосистемаҳо, ноҳиябандии экологӣ ва умуман равона карда шудааст. Ба феҳристи навовариҳои (инноватсионии) илмии Н.Сафаров ба усулии фенетикӣ таҳлил ва муайян намудани намудҳо ва воҳидҳои дохили намуди хадангҳои Тоҷикистон ва умуман Осиёи Миёна мебошад. Дар ин ҷода дар саросари Тоҷикистон тамоми ҷангалоти бручзорҳоро ташхис гузаронида, дар асоси таҳлили фенетикӣ системаи пайдоиш ва рушди авлоди хадангро дар Тоҷикистон аз нав сохтааст.  

Дар давраи мудири лабораторияи мониторинги фазоӣ ва кайҳонии Саридораи геодезӣ ва нақшабардории табиати Ҳукумати Шӯравӣ (солҳои 1980–1990) фаъолият намуданашон Н. Сафаров усулҳои ташхиси аломатҳои фарши наботот ва сарватҳои табииро дар асоси суратҳои кайҳонӣ коркард намудаанд, ки ин натиҷагирӣ дар Тоҷикистон, Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Сирия барои нақшабардории сарватҳои табиии ин минтақаҳо бомуваффақият истифода шуда, садҳо миллион долларҳо манфиати корӣ ва вақтӣ ба даст оварда шуд.  

Бо иштироки бевосита ва роҳбарии Н.Сафаров таҳияи стратегия ва нақшаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи табиат ва беҳдошти мувозанати экологӣ (НПДООС, РПДООС, МПДООС) омода шуда, НПДООС ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар амаланд. Ҳамчунин, бо иштирок бевосита ва маслиҳати Н. Сафаров “Барномаи миллии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим” таҳия шуда ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар ҷараёни иҷроиш мебошад.      

Барои саҳми босазо доштани Сафаров Н. дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат ҳини гузаштанашон ба вазифаи мудири лабораторияи ҳифзи табиат ба фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 то имрӯз тамоми ваколатҳои муовини аввали вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон барои он кас  нигоҳ дошта шудааст. 

 Устод Н. Сафаров   умре дар ҳалқаи китобу дафтар зиндагӣ дорад. Коргоҳаш дар паҳлуи бинои Агентии обуҳавошиносӣ шаҳри Душанбе  моломоли китобҳои зиёдест ва  маъвои писандидаи дӯстдорони  табиат,адабиёту фарҳанг мебошад… Зеро устод аз тамоми гирду гӯшаи Тоҷикистон дӯстону шогирдони зиёде дорад… Онҳо  ҳар замон меҳмони кошонаи устод мешаванд.           

Маҷид Салим,

нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *