Аввалин натиҷаҳои интихобот: Р. Зоиров ба парлумон роҳ меёбад?

Дар аввалин  натиҷаҳои интихоботи маълум гардид, ки ҲСДТ бо гирифтани 420 558 нафар, ё 29,5% овозҳо баъд аз ҲХДТ ба парлумон хоҳад рафт. Дар ин бора сомонаи “Ахбор” дар такя ба манбаъаш аз КМИРТ хабар медиҳад.

Тавре манбаъ хабар медиҳад бар асоси шумориши 1 миллиону 424 ҳазору 346 раъйи додашуда 800 ҳазору 271 нафар, ё 56,18% ба тарафдорӣ аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, 420 558 нафар, ё 29,5% ба тарафдорӣ аз ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ва 6,5 фоиз, ё 92 ҳазору 516 нафар ба ҳизби коммунист овоз додаанд. Ба ин тартиб, бар асоси ин натиҷаҳои муқаддамотӣ, танҳо ҳамин се ҳизб ба парлумон роҳ меёбанд. Ҳизби аграрӣ ҳамагӣ 1,22%, ҳизби ислоҳоти иқтисод 1,62%, ҳизби сотсиалист 1,78% ва ҳизби демократ 3,09% овоз гирифтаанд, ки барои вуруди номзадҳояш ба парлумон кофӣ нест.

Аммо ин рақамҳо аз арқоми расмие, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нашр кард, фарқ мекунад. Ба ҳисоби КМИРТ, алакай то соати 15 беш аз 75% ё тақрибан 3,7 миллион интихобкунанда дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд. Ба ҳар сурат, ҳатто дар сурати боло нишон додани натиҷаҳои ниҳоӣ, ҳизби сотсиал-демократ тавонистааст бо ҷазби овозҳои электорати эътирозӣ дар парлумони оянда ҳузур пайдо кунад.

Бояд гуфт, ки 1 миллиону 424 ҳазору 346 раъй дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 март дар ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ чунин тақсим шудааст:
ҲХДТ 800 271 56,18%
ҲСДТ 420568 29,5%
ҲКТ 92516 6,5%
ҲАТ 17380 1,22%
ҲИИТ 23 090 1,62%
ҲДТ 44070 3,09%
ҲСТ 25 422 1,78%

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *