Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳайкали Абӯали ибни Синоро аз Қарияи боло мекӯчонанд

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳри Душанбе гузошта шудааст, ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад.

Ин муҷассама ҳанӯз соли 1984 сохта шудааст.Дар доираи амалисозии лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ин рӯ, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад ва мақомоти шаҳрдории пойтахт айни замон макони нави гузоштани онро муайян карда истодаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.