Қайкунӣ ва беобшавии ҷисм барои кӯдак чӣ хатар дорад?

 Якум

Вақте ки кӯдак ба қай кардан медарояд, модар бояд пеш аз ҳама сабабҳои қайкуниро муайян намояд, чунки бисёр омилҳо, масалан хӯрдани хӯрокҳои турш гашта ё равғанин ва ғизоҳои душворҳазм метавонад ба ин боис бигардад.

Дуюм

Ба кӯдакатон маҳлули регидрон  ё оби  ишқордори маъдан диҳед. Нӯшонидани чойи ширини лимондор бо қошуқи калон муфид аст.

Сеюм

Дар ин ҳолат беҳтараш ба кӯдак шири сина надиҳед, то он вақте ки худаш нахоҳад.

Чорум

Кӯшиш кунед, ки баъд аз қайкунӣ ба фарзандатон хӯрокҳои ҳархела надиҳед. Оҳиста –оҳиста доираи хӯроки кӯдакро васеъ намуда, хӯрдани маҳсулоти гӯштӣ, шир ва тухмро маҳдуд намоед.

Панҷум

Пас аз қайкунӣ ба кӯдакон маҳсулоти тамъи туршу ширин доштаро додан мумкин аст.

Шашум

Пас аз оне ки кӯдак худашро хуб ҳис кард (баъд аз гузаштани панҷ рӯз), метавонед бе дудилагӣ ба ӯ маҳсулоти гӯштӣ диҳед.

 Беобшавии баданро пешгирӣ намоед

Ҳама кӯдакони хурдсол ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор мешаванд, ки зуд онҳоро пажмурдаю беҳолат мегардонад. Беобшавии организм асосан бо сабаби дарунравии зиёд, партопарто, ҳарорати баланди бадан ва гум шудани иштиҳо ба миён  меояд. Барои пешгирии беобшавии ҷисм кӯдакро зиёдтар нӯшонидан лозим аст. Маҳлули регидрон, чой, оби ҷӯшидагӣ, мураббочой ва асалчой барои кӯдак муфид аст, ҳамчунин, барои иштиҳояшро барқарор кардан метавонед ба тифлакатон лимончой диҳед. Биринҷро ҷӯшонида оби онро ба кӯдакатон диҳед, ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Дар хонаатон регидрон набошад, метавонед дар шароити хона бо чунин тарз онро тайёр кунед:

Дар як зарфи андозааш як литр, оби ҷӯшомадаи ширгармшударо андохта, ба он як қошуқи калон шакар ва ним қошуқча намак илова намоед ва омехта карда, даҳонашро пӯшед. Пас аз 15-20 дақиқа додани ин об ба кӯдак муфид аст. Маҳлулро ҳар 3-5 дақиқа як қошуқӣ ба кӯдаки бемор додан лозим аст.

Солимии фарзандони шуморо хоҳонем!

Идигул Саидова, духтури оилавии Маркази саломатии шаҳрии №1

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *