Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз ҳавзаи якмандатӣ киҳо ба парлумон роҳ ёфтанд?

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзадҳое, ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ беш аз 50 фоизи овозҳоро соҳиб шуда, ба парлумон роҳ ёфтанд, эълон кард.

Ба иттилои КМИР, дар ҳавзаҳои Душанбе — Насриддинзода Эмомалӣ аз ҳавзаи Фирдавсӣ, Парвина Меликова аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фозил Обидов аз Шоҳмансур, Рустам Шоҳмурод аз Сино ба парлумон роҳ ёфтанд. Инчунин, Солеҳа Холмаҳмадзода аз Турсунзода, Файзулло Баротзода аз Шаҳринав, Сурайё Уроқова аз Ҳисор, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз ҳавзаи Исмоили Сомонӣ, Хайриддин Усмонзода аз Рӯдакӣ, Ҷамшед Муртазозода аз Ваҳдат, Файзулло Наҷмиддинов аз Файзобод, Маҳмадтоҳир Зокирзода аз Рашт дар интихоботи 1 март пирӯз шуданд. Дар ҳавзаҳои шимоли Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ аз Хуҷанд, Мавлудахон Мирзозода аз Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Ахмедов аз ҳавзаи Урӯнхоҷаев, Баҳодур Акрамзода аз Ҷаббор Расулов, Баҳриддин Зиёӣ аз Ашт, Ғайрат Азиззода аз Мастчоҳ, Равшан Раҷабзода аз Конибодом, Мавзуна Шамсиддинзода аз Исфара, аз Панҷакент -Парвиз Шодизода, аз Айнӣ — Ғиёсиддин Шарифзода, аз Истаравшан — Умаров Абдуҷаббор Қаҳҳорович, аз Деваштич — Исмоилзода Зувар Муртазохон, аз Спитамен — Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло ба парлумон роҳ ёфтанд. Дар ҳавзаҳои ҷануби Тоҷикистон, дар ҳавзаи Бохтар — Маҷидова Сарвиноз Комиловна, дар Кушониён — Шодиён Муҳаммад Султонзода, дар Абдураҳмони Ҷомӣ — Ашурзода Гулбаҳор Сангилло, дар Ёвон — Азимзода Толибхон, дар ҳавзаи Ҷалолиддини Балхӣ — Холиқзода Ҳаким Ҳикматулло, дар Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло, дар Вахш — Бахтовар Сафарзода, Ҷайҳун — Гавҳар Шарофзода, дар Фархор — Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, дар Ҳамадонӣ — Ҳаёт Одинаев, дар Данғара — Лутфия Абдухолиқзода, дар Кӯлоб — Шариф Ҳакимзода, дар Муъминобод Меъроҷ Абдуллоев, дар Восеъ — Рустам Латифзода, дар Ванҷ Қодири Қосим ва дар ҳавзаи Хоруғ — Гиёзода Азиз Қодир ғолиби интихобот эълон гардиданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.