Аз 102% истеҳсоли тилло то мушкилоти кони Зарафшон

Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон  2 тонаву 96 кг тилло истеҳсол карда шудааст.

Дар ин бора Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, истеҳсоли тилло дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 40 кило бештар шуда, корхонаҳои истеҳсоли тилло нақшаи пешбинишударо имсол 102 дарсад иҷро кардаанд. Вазири саноат афзуд, дар шаш моҳи ахир дар қаламрави ҷумҳури 1253 кило нуқра тавлид шуда, ки нисбат ба соли гузашта як кило зиёдтар аст.

Ба андешаи Бобозода, корхонаҳои коркарди тилло дар Тоҷикистон мушкили ҷиддие надоранд. Фақат дар корхонаи муштараки Зарафшон, ки дар шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, норасоии мутахассисону  техника ба назар мерасад.

Айни замон дар Тоҷикистон се корхонаи бузурги истихроҷи тилло – корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин, «Тиллои тоҷик» ва корхонаи муштараки «Апрелевка»-и Тоҷикистону Канада фаъолият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *