Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз 3 рӯз то 1 моҳ муҳлати шаҳрдори Душанбе ба масъулини тандурустӣ

Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои таъсиси беморхонаҳо барои беморони гирифтори коронавирус дар ҳудуди Душанбе шинос шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, 4 май нахуст Рустами Эмомалӣ рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагиро дар бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом, ки ҳамчун беморхона барои табобати беморони сироятӣ пешбинӣ шудааст, аз назар гузаронид.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, майдони умумии сохтмон масоҳати 10 355 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

«Бинои мазкур аз 8  (ҳашт) ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он  утоқҳо барои қабул ва табобати беморон, утоқҳои кори табибон ва духтурони соҳавӣ, ташхисгоҳ, утоқҳои махсус барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, 3 адад лифт, ҳуҷраҳои техникӣ, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ, ошхонаи замонавӣ, утоқҳои шустушӯй  ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудаанд»,- гуфт манбаъ.

Раиси шаҳр дар ҷараёни боздид аз иншоот мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир корҳои сохтмону васлгарӣ ва рангу пардози биноро дар муҳлати 1 моҳ ба анҷом расонда, онро барои муолиҷаи то 200 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ бо тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории баландсифат барои истифодабарӣ омода намоянд.

Инчунин, раиси шаҳр ҷараёни корҳои омодагӣ ва ташкилиро дар беморхонаи дигари табобатии пойтахт   барои бемориҳои сироятӣ, алалхусус, беморони сироятии короновирус-COVID-19  аз назар гузаронид.

Беморхонаи навбатӣ   дар бинои 6 ошёнаи ҳозиразамон дар масоҳати беш аз 14 200 (чордаҳ ҳазору дусад) метри мураббаъ ҷойгир аст. Аз  110 утоқи муолиҷавӣ ва 24 утоқи кори табибон, кабинетҳои доругузаронӣ ва табобатии соҳавӣ, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар дар як вақт ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад ва дар наздиктарин фурсат бо катҳои хоб ва дорувориву таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонда мешавад.

Зимни боздид Раиси шаҳр ба роҳбарият ва  масъулини соҳаи тандурустӣ, инчунин дигар сохторҳои дахлдор дастур дод, ки беморхонаи мазкурро дар муҳлати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи  600 нафар ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ бо тамоми анвои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ ва кормандони варзидаи соҳа омода намоянд.

Шаҳрдори Душанбе бо назардошти вазъияти баамаломада тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати муолиҷаи беморони сироятёфта дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои табобатиро бо беш аз 3000 (се  ҳазор) кати хоб бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат ташкил кунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.