Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз “Ал Бухорӣ” то” Амир Темури Кабир” (Видео)

Суҳбати Шариф Ҳамдампур бо Бақо Содиқов

Суҳбат бо Бақо Содиқов тасодуфӣ, сарироҳӣҳангоми сафар ба Бухоро сурат гирифт. Ӯ ибтидо ба далели серкорӣ аз мулоқот худдорӣ кард. Чун огоҳ гашт, ки қабл, дар бораи филми «Гирдбод”-аш мақолае навишта будам, хоҳиши ҳамсуҳбат шуданро пазируфт. Ошхонаи истгоҳи боғи фароғатии шаҳр ҷои сӯҳбати яксоатаи мо буд. Дар чеҳраи ӯ Бақо Содиқоверо, ки чанд сол пеш дида будам, пайдо накардам. Шояд аз он буд, ки дар ин муддат осиёби зиндагӣ маро низ дигаркарда буд…

Руҷӯи Бақо Содиқов

Суҳбат аз китоби «Луч экрана»-иСаъдулло Раҳимов оғоз гашт. Дар бораи он маълумоте надоштам.Лаҳну муҳтавиёти китоб  Бақо Содиқовро нигарон сохта буд:

-Саъдулло Раҳимов чӣ иртиботе бо кино дорад, ки дар бораи муқаддасоти ин риштаи ҳунар ҳарф мезанад?Чаро муҳаққиқон ва ҳунармандони барҷастаи кино вориди ин алманах нашуданд? Аз ҷумла, доктори илм Лутфия Айнӣ, ки  муҳаққиқи соҳаи киност ва заҳматҳои зиёде дар ин роҳ кашидааст. Шояд барои он бошад, ки тадқиқоте таҳти унвони «Кинои Бақо Содиқов» ба қалами ӯ тааллуқ дорад? Ё Шодӣ Саидов, ки панҷ — шаш сол раиси Иттифоқи киносозон буд. Чароҳунармандоне, ки дар филмҳои Бақо Содиқов нақш бозӣ карданд, аз ин китоб берун мондаанд? Кист Саъдулло Раҳимов, ки сарнавишти кинои тоҷикро ҳал мекунад? Ӯ дар ин китоб саропо мақолаҳои худро тела кардааст. Дигарон куҷо менигаранд?

Дар филмбардорӣ ҳар кас ҷойгоҳи худро дорад. Замоне ман дар бораи Муъмин Қаноат филми мустанад бардоштам ва дар паҳлуи ӯ шеърнависи халқироқарор додам, ки номаш вирди забони мардуми водии Ҳисорбуд. Муъмин аз ман хафа шуд, ки ман шоири касбиро бо шеърнависе (простонародный) паҳлуи ҳам мегузорам. Касбият чизи дигар аст. Гирифтани мукофотҳо, ҷоизаҳо ҳанӯз далели касбият дар кино нест. Дар фестивалҳои байналхалқӣ барои ҷалб Шоҳҷоизаҳо медиҳанд, аммо ин далели шинохти касбият нест. Албатта,фестивали “Кан”чизи дигар аст, ки ба он ҳанӯз аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон касе роҳ наёфтааст. Аммо филмҳое, ки имрӯз дар ин ҷо (манзур Ӯзбекистон)ва он ҷо (манзур Тоҷикистон) бардошта мешаванд, дар сатҳи ҳаваскорист.

Ато Аҳроров, ки ҳоло дар Самарқанд зиндагӣ доранд, ягона мунаққиди барҷастаи соҳаи кино, аналитик ҳастанд. Аммо дар ин китоб муаллиф менависад, ки ӯ муҳаққиқи соҳаи киност.Ин китоб ду маротиба нашр шуд, соли 2004 ва такроран 2012. Дар он ҳамаро тиқондаанд, ҳатто Эрону Афғонистонро, вале киношиносону ҳунармандони кинои тоҷик берун монданд.

Ҷавонбухориён аз нигоҳи Бақо Содиқов?

— Муддате шумо аз назари мардуми Тоҷикистон дар канор ҳастед. Дар куҷоеду ба чӣ кор машғулед?

-Ман дар Самарқанд будам. Он ҷо бо номи «Самарқанд кунӣ»дар арафаи ҷашни Наврӯз бо 12 000 нақшбозон барои 47 ҳазор тамошобин намоишномае омода кардам. Дар бораи Амир Темур ва бо номи «Фидоилар»дар бораи ҷадидон филмсохтам.

— «Фидоилар»дар бораи чист?

— «Фидоилар» дар бораи ҷадидон — ҷавонбухориён, Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ аст. Ҳамамедонад, ки он кас падари драматургияи ӯзбек буданд. Драмаи «Падаркуш» бо қалами он кас навишта шудааст.  То он андоза шуҳрат доштанд, ки ҳатто дар Франсия аз ман мепурсиданд, ки Маҳмудхӯҷа Беҳбудиро медонам ё не.

— Ин филм  ба кадом забон офарида шудааст?

— Ӯзбекӣ, шакли русиаш ҳам ҳаст. Даҳ сол аст, ки ин филм рӯи раф хобидааст. Як вақтҳо филми «Адонес» ҳам 12 сол манзури тамошобинон нашуд. Ҳамин ки рӯи кор омад соҳиби панҷ гран при шуд.

— Муҳтавиёти филм аз чӣ иборат аст?

— Дар бораи ҷадидон, зиёиёни Самарқанд ва Бухоро.  Он ҷо Фитрат аст,   Чӯлпон аст.  Онҳо ҳама рӯшанфикрон буданд. Онҳо ба  дур назар меандохтанд.

— Ҷараёни ҷадидӣ аз ду равия иборат буд: як равия ба Санкт — Петербург иртибот мегирифт, равияи дигар тавассути Туркия ба Аврупо. Филми шумо кадом равияро фаро мегирад?

— Бале, Туркия таъсир дошт. Ман мавзӯи фарҳанги омӯхтани гузаштагони худ, таърихи онҳо, донишомӯзии одамонро ба миён гузоштам. Ҷадидон мехостанд мактабҳои типи аврупоӣ созанд. Вақто Беҳбудӣ бо амир Олимхон мулоқот мекунад , амир Олимхон мегӯяд: «Шумо самарқандӣ,  Бухороя мактабаш ҳаст ё нест, кори шумо чӣ?» . Беҳбудӣ мегӯяд: «Ман ҳам самарқандӣ, ҳам бухороӣ, ҳам қӯқандӣ, ҳам фарғонагӣ». Ҷавонбухориён ҳама таҳсилкардагони мактабҳои Аврупо буданд. Соли 1918 қариб се ҳазор нафар баъди таҳсил дар Германия ва Франсия, миёни онҳо духтарон низ буданд, ба Бухоро баргаштанд. Онҳо фарзандони одамони доро буданд ва пеш аз рафтан ба хазина пул мемонданд. Дар аморати Бухоро ба пули хазина ҳатто амир ҳуқуқи даст задан надошт.   Касоне, ки дар дарбор кор мекарданд, маош намегирифтанд, замин, тиҷорат доштанд. Ҳатто ба давлат кумак мекарданд. Дар ҳамин давра дар Русия инқилоби болшевикӣ пирӯз мешавад. Барои Ленин лозим набуд, ки дар Бухоро одамони майнаашон кор мекардагӣ, равшанзамирон бошанд. Амири Бухоро ҳам инро мехост.

Ҷавонбухориён ба доми фиреб меафтанд. Фитрат, Файзуло Хоҷаев ва дигарон вагон- вагон пӯсти қарокӯлӣ бор карда, ба мулоқот бо Ленин мераванд. Аммо Ленин онҳоро қабул намекунад. Мулоқот бо Калинин сурат мегирад.  Ба онҳо ваъда медиҳанд, ки 50 самолёт, 50 ҳазор винчестер, тӯпу тир медиҳанд. Оқибат як тӯп медиҳанд ва он ҳам снаряд надошт. Ҳамин тавр ҷавонбухориён фиреб мехӯранд. Мақсади онҳо иҳота кардани арк ва бо роҳи монархияи конститутсионӣ амирро аз сари тахт дур сохтан ва ба ҷои ӯ Файзулло Хоҷаевро шинонидан буд. Даҳ ҳазор ҷавонбухориён ба куча мебароянд, интизори яроқ буданд. Болшевикон бо бронопоезд ба Бухоро ворид мешаванд. Аскари сурх дар даст яроқ, салла дар сар бо садои ура — ура, парон- парон карда ба Бухоро медароянд. Мардуме, ки интизори  сари қудрат омадани ҷавонбухориён буданд, дар миёни аскарони сурх ва ҷавонбухориён мемонанд. Аз тирборони аскарони сурх мардум ба шӯр меоянд ва бо белу каланду табар  ба ҳуҷум мегузаранд. Аскари сурх ҷониби Қаровулбозор, дар интизории қувваи нав,  ақибнишинӣ мекунад. Аз фусат истифода бурда, амир Олимхон се ҳазор ҷавонбухориёнро ба дор меовезад. Ин се ҳазор таҳсилкардагони мактабҳои Аврупо буданд.

То ҳол бухориҳои куҳансол мегӯянд, ки ҷавонбухориён Бухороро фурӯхтанд. Аммо воқеият чизи дигар буд, онҳоро фиреб доданд. Амири Бухоро бо Ленин хостанд, ки ҷавобухориёнро аз саркардаҳояшон маҳрум созанд.

—  Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки амири Бухоро ҷавонбухориёнро тавассути Русияи болшевикӣ ба ҳалокат расонид?

— Ман гуфтанӣ ҳастам, ки Бухоро ҳамчун ҳалқаи тиллоӣ зери дандон қарор дошт. Наполеон, амир Темур талоши Ҳиндустон доштанд, аммо онро гирифта натавонистанд. Бухоро ҳатто замони Иван Грозний ҳамчун Бухорои бузург шинохта мешуд. Екатеринаи 2 маблағи зиёде ҷудо карда буд, ки дар Бухоро мадрасаи калон созанд.

—  Чаро давлате бо номи Бухоро баъд аз инқилоб таъсис наёфт?

—  Буд — ку.

—  Аммо пойдор намонд.

— Чун ки миёни хонигарии Қӯқанд, Фарғона, Хоразм ва Бухоро якдигарфаҳмӣ набуд. Ба онҳо гуфтанд, ки як шавед, аммо онҳо гапа гӯш накарданд.Ҷудоиандозӣ ҳамеша ҷой дошт. 

— Филм дар бораи ҷадидон фармоишӣ буд?

—  Вақте маро ба ин ҷо даъват карданд, аз ман пурсиданд, ки дар бораи кӣ мехоҳед филм бардоред? Ман ҳамеша ҷонибдори кинои муаллифӣ будам, сенарияро ҳам худам, якҷо бо писарам, менавиштаму филмбардор ҳам худам.

“Амир Темур”-и ман нотамом монд

— Филми “Амир Темур” дар бораи чист?

— Анҷоми ин филм лаҳзаест, ки Темури ҷавон муғулҳоро меронад, Самарқандро пойтахти худ эълон мекунад. Мехостем давоми филмро наворбардорӣ кунем. Аммо танҳо «Ӯзбекфилм» ба он қодир набуд. Бояд «Қазоқфилм»,«Қирғизфилм» низ иштирок мекарданд. Танҳо шумораи ҷанговарон дар ин филм 3-4 ҳазор буд. Аспҳои танҳо, машқӣ дусад сар буданд. Як ҳазор аспҳои машқии қирғизҳо дар ин филм иштирок доштанд. То ҷашни 650 — солагии амир Темур  вақт кам монда буд. Маро даъват  карданд вагуфтанд, ки ин ҷо ватанат аст, дар бораи амир Темур филм нест, хизмат кун. Ман гуфтам, ки дар навиштани сенария кумак мекунам. Вақте ки сенарияро қабул карданд, гуфтанд, ки ёрдам медиҳем филмро соз. Дар ин бора ҳатто барқияи ҳукуматӣ буд,бо имзои Ҷурабеков- шахси сеюм дар Ӯзбекистон буд.

-Ва шумо розӣ шудед?

— Бале. Як дӯсти наздики ман Элмурод ҳокими ноҳияи Галаосиё буд. Ман се моҳ бо писарам дар қароргоҳи вай нишаста, сенарияро навиштем. Сенария ба анҷом расид. Масъалаи филмбардорӣ ба миён омад. Кӣ ҳам мекард? Ман ба ин кор даст задам. То ҷашни амир Темур 7—8 моҳ монда буд. Дар ин муддат,кӯтоҳфилмро сохтам.

— Дар симои амир Темур чӣ қаҳрамониеро тасвир кардед?

— Бо чунин савол маро азоб надиҳед. Ман дар бораи касе филми тарҷумаиҳолӣ накардаам. На дар ин ҷо (Ӯзбекистон), на дар он ҷо (Тоҷикистон). Дар ин ҷо ин филм ва дар он ҷо дар бораи Ал Бухорӣ филм кардам. Мардумбояд шахсияти Ал Бухориро донанд. Фаҳманд, ки моҳияти Қуръони шариф чист. Дар ислом таҷовуз нест. Одаме, ки исломро аз рӯи тарс ё зери таъсири пропаганда қабул кард, динаш заиф аст.

Баҳсе, ки Бақо Содиқов ба он нуқта гузошт

-Мо — тоҷикон, мардуми Бухороро табармусулмон мегӯянд, аз тарс дини исломро қабул карданд, мегӯянд. Гӯё дар ҳар хонадони сокинони Бухоро 200 сол аскари араб бо шамшери боз истода буд. Касе дини исломро қабул накард, сар буриданд.

— Ин масъала аз рӯи тарс буд ё набуд кори олимон аст. Ҳазор сол пеш гузаштагони мову шумо мусулмон буданд. Аз рӯи виҷдон хизмати ислом карданд. Бобои ман муллои калони мадрасаи Мири Араб буданд, ба Айнию Фитрат дарс доданд.Бухоро аз тарс не, аз рӯи покиаш исломро қабул кард. Дар ислом ҳар нуқта мақом дорад. Ман бароятон мисол меорам. Вақте амаки пайғамбар дар дами марг буданд, пайғамбар болои сарашон нишаста буданд. Гуфтанд, ки «Ло илоҳа иллалоҳ» — гӯед. Он кас нагуфанд. Ал Бухорӣ дар ҳадисашон менависанд, ки аз пайғамбар пурсиданд, ки ҷойгоҳи амакатонкуҷост. Пайғамбар мегӯянд, ки он кас калимаи шаҳодатро ба даҳон наоварданд, ҷояшон дӯзах аст. Агар дар филми «Ал Бухорӣ» ман ин гапро истифода мекардам, дар толор ягон эронӣ намемонд, ҳама  шиъаҳои дунё баромада мерафтанд. Шиъаҳо мегӯянд, ки тибқи гуфтаи имом Ҷаъфар пеш аз марг амаки пайғамбар зери лаб калимаи шаҳодатро ба забон оварданд, аммо онро пайғамбар нафаҳмиданд. Аз ин ҷост, ки ҷояшон ҷаннат. Агар ман ин тавр мегуфтам, аз толор ҳама арабҳо, яъне сунниҳо баромада мерафтанд.

— Шумо чӣ гуфтед?

-Ман гуфтам, ки аз пайғамбар пурсиданд, ки ҷояшон куҷост. Он кас гуфтанд, ки инро танҳо Оллоҳ медонад.

— Пас ин тарзи баёни шумо ҳам сиёсат аст, сиёсати шумо.

— Чаро сиёсати ман! Ин ҷо эронӣ бар манфиати худаш гап мезанад, араб бар манфиати худаш. Медонед киро дар Қуръон кофир мехонанд? Онеро, ки манфиати дини худашро аз дигар динҳо боло мегузорад.

Дар сиёсат муҳаббати бародарона, кумаки бародарона вуҷуд надорад. Сиёсат зани фоҳиша аст, ки ҳамаро чапа -роста мекунад. Мегӯянд, ки эрониҳо омаданду ба «Тоҷикфилм» ёрдам карданд. Фикр мекунед, ки ин холисона аст? Дар сиёсат кумаки холисона нест. Кумак ё ба хотири пул ё хун ё таҳти тасарруфи рӯҳонӣ даровардан аст.

Коҳи куҳна ва баҳси нотамом

— Айни замон сари кадом филм кор мекунед?

-Ба ман пешниҳод карданд, ки дар бораи духтари Бобур филм бардорам. Ман қабулнакардам. Ба ман пешниҳод карданд, ки Тоҷикистон равам ва дар донишгоҳ дарс гӯям, кадрҳои ҷавонро тарбия кунам. Ман 47 соли умри худро ба Тоҷикистон бахшидам. Бобои ман мири Балҷувон буданд. Китобе ҳаст бо номи «Бухоро гаҳвораи Туркистон», ки яке аз писарҳои амир Олимхон навиштааст. Хонед, дар он ҷо ҳам дар ин бора навишта шудааст.

-Шумо ҳам Бухороро гаҳвораи Туркистон медонед?

— Чаро шумо бо рашк ба ин масъала назар мекунед?

— Ин рашкнест, саволест, ки рӯзноманигор ба коргардон медиҳад.

— Шумо хабар доред, ки дар ин ҷо анҷумани «Туркистон хонаи умумии мост» баргузор гашт. Чингиз Айтматов раиси он ва ман муовин будам. Дар он ҳайат даҳ нафар одамони бузург буданд. Мо ба панҷ президенти кишварҳои Осиёи Миёна муроҷиат кардем. Мо хостем интегратсияи фарҳангиро роҳандозӣ кунем. Аммо дар Тоҷикистон моҳияти онро дарк нокарда, аз ватанхоҳӣ гап мезаданд. Зебо Аминзода муовини Сарвазир буд. Ман, Осимӣ ва чанд нафарро даъват кард. Ба ман ку чизе намегуфт, аммо ба сари Осимӣ дод мезад. Осимӣ ҷим шиштанд. Ман аз ҷоям хеста гуфтам, ки шарм намекунед, ки ба сари одами мӯйсафед, ки аз падаратон калон аст,дод мезанед.

— Баҳс сари кадом мавзӯъ буд?

— Сари мавзӯи чаро Туркистон хонаи умумии мост.

Дар ман ҳам хуни тоҷикӣ ва ҳам хуни ӯзбекӣ меҷӯшад. Тарафи модариам аз Балҷувон, тарафи падарам аз Бухоро, манғит ва ман бо ин ифтихор дорам. Дар Тоҷикистон одамоне буданд, ки мушт ба сина зада мегуфтанд, ки мо ватанпарвар ҳастем.

— Бале буданд, ҳастанд. Аммо замона дигар шуд, мардум дар фикри имрӯзу фардо ҳастанд. Таърихро дигар карда намешавад, таҳриф ҳам. Мардум сулҳ мехоҳанд, бо ҳам будану бо ҳам зистан мехоҳанд.

— Хайрият, ки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданду ҷумҳуриро наҷот доданд. Хуб шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муносибатҳои дӯстиро барқарор карданд. Ман дар «Тоҷикфилм» будам, аз рӯи мурдаҳо қадам зада мегузаштем. Коргардонони тоҷик рӯи ҳайкали Ленин нос туф карда, бо пояшон онро мемолиданд. Ин магар ба шаъни кас мезебад!

Бале, буд, гузашту рафт. Ҳар қадар коҳи куҳнаробод кунӣ, бӯяш бештар мебарояд. Мардуми тоҷику ӯзбек бо ҳам дӯст будан мехоҳанд. Дар ин маврид аз суҳбат бо Давлат Худойназаров як нукта дар хотирам нақш бастааст:«Чунки ҳар як ӯзбеки домана хуни тоҷикӣ дорад. Ин хун дар ҷисмаш ва вуҷудаш ҷой гирифтааст. Шояд забонро намедонад, аммо қалбаш тоҷикист. Вай меросхӯри гузаштагон аст. Айни замон дар тоҷикони домана ҳам хуни туркиву ӯзбекӣ ҷой гирифтааст. Акнун магар ба онҳо арра мезанед? Бигзор, бо ҳам зиндагӣ кунанд, дасти мадад расонанд. Вақте ки Шавкат Мирзиёев, баъди сари Ислом Каримов, роҳбар шуд, марзҳоро кушод. Бубинед,  мардуми  ду кишвар чӣ қадар хушбахт буданд, ҳамдигарро ба оғӯш  мегирифтанд. Чунки бо якдигар хешу таборанд. Гӯштро аз нохун ҷудо карда намешавад.»

Шариф Ҳамдампур

«Тоҷикистон» №46, 2019

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.