Аз армияи шоирон то замбурӯғолимон. Суҳбат бо адабиётшинос Абдухолиқи Набавӣ

Дар арафаи 75-солагии мавлуди адабиётшинос ва мунаққиди маъруфи тоҷик Абдухолиқи Набавӣ ба суроғи эшон ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ рафтам. Суҳбати мо бо устод тӯлонӣ шуд: аз ҷодаҳои тайкардаи эшон дар зиндагӣ ва илму адаб то вазъи адабиёту илми суханшиносӣ… Фишурдаи ин суҳбатро пешкаши шумо мекунем. 

Сабаби Сovid-19 ва корҳои нотамом

– Устоди азиз, 75-солагӣ муборак! Бо чӣ эҳсосот ба ин қуллаи зиндагӣ қадам мегузоред?

– 75-сола шудан, ба фикри банда, умри хуб дидан аст. Агар онро бо самар истифода карда бошӣ, пас аз умри гузарондаат пушаймон нестӣ. Аммо инсон чунин махлуқест, ки фақат пас аз гузаштани умр, мехоҳад “ин панҷоҳсоларо дар панҷ сол” дарёбад. Эҳсоси ман дар мавриди ворид шудан ба 75-солагӣ ҳам маҳзункунанда аст ва ҳам қаноатмандона. Маҳзун аз гузаштани умр нест, балки аз он аст, ки онро на ҳамеша самаранок истифода кардаам. Қаноатмандӣ аз он дорам, ки ҳеч набошад, дар касби худ фарогири донишҳои зарурӣ ҳастам ва сарам пур аз проблемаву нақшаҳо дар бораи  мавзӯъ ва масоили мавриди пажӯҳиш аст, ки агар умр бақо кунад, шояд бахше онҳоро амалӣ кунам.

Одамӣ  пас аз заволи умр

медонад, ки умр,

Як нафас бар осмон бо чашми

ҳайрат будааст.

– Чӣ корҳои нотамом ва чӣ нақшаҳо доред?

– Чунон ки гуфтам, ҳаросе, ки пандемия соли гузашта ба дилам андохт ва моро як моҳ таътил ё корантин доданд, маҷбурам кард, ки бисёр нақшаҳои иҷро нашударо амалӣ кунам. Ва дар ин муддат се маҷмӯае дар мавзӯъу масъалаҳои адабиёти мудерни тоҷикӣ ё садаи ХХ аввали садаи ХХ1 омода кардам. Яке дар бораи масъалаҳои эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, дигаре дар бораи сад соли нақднависии нави тоҷикӣ ва, ҳамчунин, маҷмӯаи мақолот дар бораи масъалаҳои назму наср ва нақди адабиёти муосир, ки дар даҳ-дувоздаҳ соли охир навиштаам ва ҳаҷми онҳо наздик ба ҳазор саҳфа аст. Ва ният дорам, ки дар мавриди адабиёти ҷадидия як китобе омода кунам. Маводи он асосан тайёр аст. Агар кори нақшавии пажӯҳишгоҳро низ биафзоем, пас нақшаҳо зиёданд ва Худо тавфиқ диҳаду саломатӣ беҳ шавад ва умр бақо кунад, то инҳо ҳама амалӣ шаванд.

Домони наср

– Шумо аз даврони ҷавонӣ ба таҳқиқи насри муосири тоҷик машғулед. Чӣ омил ба ин сабаб шуд?

– Гумон мекунам, ки ман аслан аз кӯдакӣ ба адабиёт таваҷҷуҳ доштам ва ҳатто дар бачагӣ ва ҷавонӣ шеърҳои кӯдакона навиштаву ба нашрияҳои барои бачагони ҷумҳурӣ ирсол медоштам. Дар донишгоҳ ҳам машқи шеър кардаам. Аммо, гумон мекунам, ки тафаккури интиқодӣ дар андешаи ман ҳузури бештаре доштааст. Ва бештар ба ин сӯ майл  зоҳир намудамро шояд сабаб ҳамин бошад. Бинобар ин, ҳамин ки устоди донишгоҳиам Атохон Сайфуллоев ба ман барои кори илмӣ масъалаи психологизм дар осори Пӯлод Толисро пешниҳод кард, дигар самти ҷустуҷӯҳои ман аниқ шуд ва дар ҳамин самт роҳ пеш гирифтам.

– Бино ба таҳқиқи Шумо дар насри тоҷик “тасвири психологӣ” дар нимаи солҳои 50-ум оғоз шуда, дар солҳои 60-80 “таваҷҷуҳ ба сарнавишти инсонҳо”афзуд. Насри замони Истиқлолро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Дуруст мегӯӣ, ки ман дар заминаи идомаи пажӯҳишҳои мавҷудаи устодон ва таҷрибаву мушоҳидаҳои худам ба ин натиҷа расидам, ки дарвоқеъ аз нимаи солҳои 50 тасвири шахси инсон ва аниқтараш таҳлили психологӣ ба як хусусияти муҳими ҷараёни адабӣ табдил ёфтааст. Таваҷҷӯҳ ба равони инсон ё каҳрамони адабиёт дар гузашта низ будааст ва куллан онро аз адабиёти воқеъгаро ҷудо кардан имкон надорад. Аз ҳамин чиҳат чи дар осри устод Айнӣ – “Одина”, “Ғуломон”, “Марги судхӯр”, “Ёддоштхо”, роману қисса ва ҳикояҳои Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Сотим Улуғзода, кам ё беш аз мавзӯъу масъалаи равонковии адабӣ ва шаклҳои гуногуни он кор гирифта шудааст. Аммо дар давраи минбаъда он ба як сифати муҳими диди эстетикӣ табдил меёбад.  Яъне, на танҳо наср, балки кулли адабиёт. Маслан, банда нимаи солҳои 70 таъкид карда будам, ки шеъри устод Лоиқро бидуни равошинохтии бадеӣ тасаввур кардан имкон надорад, балки онро маҳдуд баррасӣ ва қазоват кардаем. Албатта, ин  мавзӯи баҳси мавриди дигар аст.

 Агар дар бори наср ҳарф бизанем, пас насри замони Истиқлол, албаттта, бисёр хусусятҳои хос дорад, ки он ҳамаро дар як пурсиш посух додан имкон надорад. Аммо ба таври куллӣ, имконияти тасвир дар ин давра ҳам ба умқу ҳам ба паҳно афзуд, ба нависандагон дар масъалаи замони тасвир озодӣ ба вуҷуд омад. Ҷӯяндагиҳои шакливу сабкӣ низ ба чашм мерасад. Аммо чӣ мегӯед, ки дар адабиёт вобаста ба дигар шудани давру замон  тағйири ҳунарӣ ба зудӣ ба миён намеояд. Бинобар ин, даври ҳамон нависандагони пешрави гузашта, амсоли Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Абдуҳамиди Самад, Баҳманёр будаанд, ки бори гарони насрнависиро ба уҳда доштаанд . Осори насриии ин даврон аз ҳайси миқдор чандин маротиб аз асарҳои ҳафтод соли замони шӯравӣ бештаранд. Вале аз миёни онҳо асари чашмрасе, ки бо ибтикороти тозаи адабӣ эҷод шуда бошад, ба ёд овардан кори мушкил аст. Аз эҷоди насрнависони нисбатан ҷавон метавон қиссаву ҳикоя ва хоса румонҳои Абдуқодири Рустам, Юнус Юсуфӣ ва Мирзонасриддинро ном бурд.    

Чаро насри ҷањонӣ надорем?

– Ман аз таҳқиқот ва танқидҳои Шумо огоҳам ва мавқеъгириҳоятонро дар мавриди наср медонам. Вале мехоҳам як суоли “пӯстканда” диҳам: чаро асарҳои нависандагони мо шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намекунанд?

– Албатта ҳукми он ки мо осори аз ҷиҳати ғоявӣ (ман бояд биафзоям, аз ҳайси ҳунарӣ низ) дар пояи адабиёти ҷаҳон надорем, муболиға нест. Гоҳо мо аҳамияти ҷаҳониро ба идея, аниқтараш ба мавзӯъи хориҷии асар ва осори нависандае маҳдуд мекунем. Аммо осоре бояд дошта бошем, ки бо консепсияи тоза дар шинохти масоили милливу умумисонӣ дар  тафаккури адабии ҷаҳонӣ, ҳеч набошад митақа ва ё адабиёти бо қаробати поэтикӣ саҳфаи тоза илова карда тавонад. Албатта, дар ин маврид мо бояд бисёр меҳнат кунем. Аммо осори барои ҷаҳониён ҷолиб ва хонданӣ дорем ва ман метавонам қиссаи “Марги судхӯр” ва “Ёддоштҳо”-и устод Айниро ном барам.

– 5 асари мондагори 100 соли охирро номбар кунед?

– Корест мушкил. Вале агар ғаразат осори насрӣ бошад, пас  ба фикри банда “Марги судхӯр” ва “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ, “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода, “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ ва “Сармаддеҳ”-и Баҳманёрро ном бурда метавонам.

Армияи шоирон

– Адабиёти мо имрӯз аз армияи калони шоирон иборат аст, вале теъдоди нависандагонамон хеле кам. Агар нависандагони хубамонро ҳисоб кунем ангуштони як даст ҳам зиёдатӣ мекунад. Чаро чунин аст?

– Аслан сухан сари каму беш будани шоир ё нависанда нест. Муҳим он аст, ки чӣ шоиру чӣ нависандагоне дорем. Зиёдии шоирон,  ба фикри банда, агар аз як ҷониб, ба ҷозиба ва кашиши сухани шоирона бошад, ба суннати адабии мо низ иртибот мегирад. Ҳарчанд мо силсилаи шоирони клоссик дорем, ки ба роҳи онҳо қадам бардоштан кори содае нест, аммо айни замон, онҳо ҷавононро илҳом ҳам медиҳанд.

 Ба ҳар навъ таълифи шеър қолабу қоида ва ворид шудан ба ҳунари сохтани таркибу таъбирҳо ва системаи образҳо (саноеъи адабӣ) ва истифодаи ҳунармандонаи онро дорад. Аммо насрнависӣ тақозо мекунад, ки ба ҳар мавзӯъ жанру шакли нав ва низоъи воқеиву муассир, ибратбахш ва чеҳраҳои равшани шахсиятҳои проблемасоз дарёфт карда шавад. Маъзарат, гоҳо шоирони мо дар шеър мавҷуд будани як ё ду мисраъ ё байти хубро муваффақият меҳисобанд. Аммо дар наср асар ё ҳаст ва ё нест, агар тасвир ва ҳалли мавзӯъҳо табиӣ, мантиқӣ ва ба тарзи нав ҳал нашуда бошанд. Ҳоло насри мо, аксаран, бо воқеагӯӣ, мавзӯъ ва саргузашти тозаеро дарёфт кардан, ё хонандаро муассир намудан машғуланд, на шинохту пешниҳоди масоили номакшуфи зиндагӣ.

Илм азхудгузаштанро тақозо мекунад

– Мехоҳам аз вазъи илми адабиётшиносиву нақд низ суҳбат ороем. Моҳе 3-4 нафар дар риштаи филология рисолаи илмӣ дифоъ мекунанд. Инро чӣ гуна метавон баҳо дод: илми мо пеш рафта ё рисолаҳои хому хатала чун замбурӯғи баъди борон сар мекашанд?

– Албатта, чунин ҳукм кардан, ки дар илми мо танҳо рисолаҳои хому хатала дифоъ мешаванд, як андоза муболиға аст. Аммо андешаи ту дар бораи афзудани рисоланависӣ ва унвонҷӯёни тасодуфӣ, ба фикри ман, асоси воқеъӣ дорад. Бадбахтӣ на танҳо дар осемасарии рисоланависон аст, балки  дар савияи пасти илмиву амалӣ ва ворид набудан ба асли масъалаҳои мавриди таҳқиқашон мебошад. Гумон мекунам, инро сабаб он аст, ки аввалан, онҳо таърихи адабиётро хуб намедонанд ва тасаввур карда наметавонанд, ки мавзӯъу масъалаи мавриди таҳқиқашон дар чӣ ҷойгоҳе қарор дорад; дувум, онҳо аз назарияи масъала хуб огоҳ нестанд ва аз ин ҷо моҳияти қазияро росту дуруст дарк намекунанд. Ва дар натиҷа мешавад навиштае обакӣ бе шаҳду шира.

– Бо вуҷуди он ки теъдоди унвондорон меафзояд, вале дар илми мо Табарови нав, Ҳодизодаи нав, Мирзоеви нав, Сатторзодаи нав, Сайфуллоеви нав… нестанд. Сабаб чист?

– Илм соҳаест, ки ба ҷуз донишу мутолиа ва ҳатто ҳушу ёди муҳаққиқона, азхудгузаштагиро тақозо мекунад. Маҳз меҳнати шоққа, ҷустуҷӯ, мутолиаву андешаи ҳамешагӣ ва аз ҳисоби хобу хӯр дуздидан метавонад касро ба мурод бирасонад. Бадбахтона, чунон ки гуфтем, ин хоҳиши аз худгузаштагӣ ҳоло ба осону безаҳмат ба даст овардани унвон табдил ёфтааст. Аслан савияи умумии дониши унвонҷӯён хеле паст аст, ҳарчанд ки онҳо зинаҳои бакалавр ва магистратура — ду марҳалаи дониши олӣ ва илмиро мепаймоянд, вале кам касе ёфт мешавад, ки, бемуболиға,  дар ҳадди мактаби миёна тамоми риштаи тахассусиашро фаро гирифта бошад. Дар ин маврид бояд аз савод ва савияи кори муқаррарии онҳо сухан ба миён овард, на аз расидан ба мартабаи бузургон. Аммо дунё ба умед гуфтаанд. 

Ғараз дар нақд

– Бисёриҳо шуморо мунаққиди беғараз баҳо додаанд. Ғараз дар нақд яъне чӣ?

– Беғараз будан, яъне дар ҷодаи адолати инсонӣ ва инсофи илмӣ ва меъёрҳои ҳирфӣ ба ҳар чизе бошад ва аз ҷумла намунаҳои адабиёт баҳо додан аст.

 Ғараз ин на ба маънои касеро бо мақсаде ноодилона интиқод кардан аст, балки ба он маъно ҳам ҳаст, ки асар ва нависандаеро таърифу тавсифи беасос карда бошӣ.

– Оё боре ҳам аз рӯйи ғараз чизе навиштаед ё бидуни хоҳишатон?

– Ба ин саволат агар ба маънии мусбати ғараз бовар дошта бошӣ, ҷавоби мусбат додан мумкин аст. Зеро бояд дар ёд дошта бошем, ки ғараз танҳо маънии манфӣ надорад, балки мақсаду ниятеро низ, ки мусбат ҳаст, метавон ифода кунад. Таркиби “ғарази нависанда дар ин асар”, ё “ғараз аз ин  гуфтаҳо” таркибҳои мусбате будаанд. Масалан, мавриде эҳсос мекунӣ, ки дар бораи асаре ё нависандае дар доираҳои расмии адабиву мафкуравӣ назари манфӣ ё зиддинақиз будааст ва ё нақди одилона нашудаасту бо ғарази манфӣ ба ӯ ҳуҷум кардаанд, пас огоҳона ба ҳимояи ӯ хестанро зарур шуморидаам. Аз ҷумла,  дар бораи асарҳои устодон Сорбон, Кӯҳзод ва ё маҷмӯаи ҳикоёти Муҳаммадзамони Солеҳ ва Мулло Боқӣ ҳамин ҳодиса рӯй дода буд. Ё чун романи М. Хоҷаев “Нанг ва номус” аз назари тасвири хубу бамуддаои солҳои ҷанг тавсиф кардам, ки ҳамин тавр ҳам шуд, яке аз нависандагон соҳибтаҷрибаи ҷангноманависамон дар маҷлиси мунаққидон ба ман ҳуҷум карда, изҳор дошт, ки ман ҷойгоҳи нависандаро ғалат муайян кардаам. Дар бораи тақриз ба румони Ҷумъа Одинаев “Гузашти айём” ва таърихи таълифи ону паёмадҳояш ман дар китоби “Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср” муфассал навиштаам.  

Аз мост, ки бар мост!

–Чаро рисолаи докторӣ дифо накардед ва оё пушаймон ҳастед?

–  Аз ман бисёриҳо ин суолро мекунанд. Кори докторӣ ба ҷуз аз хонишу дониш ва заҳмату тозаназарӣ боз ҳам сабру таҳаммул мехоҳад. Банда аз одамони камтоқат ҳастам ва медонам, ки рисолаи докториро дифоъ кардан бо даву тозҳои зиёди текникӣ дорад. Аммо аз ҳама ҷиддиаш, он масъулияти бузургеро дар назар дорад. Баъзе устодон ба ман гуфтанд, ки рисолаи дар бораи нақду адаби солхои 20-30 ва Нарзуллоҳи Бектошро метавонам ба дифоъ  пешниҳод кунам. Аммо инро ҳам анҷом надодам. Аслан, аз мост, ки бар мост!

–  Феълан чӣ рӯзгор доред? 

– Алҳол баъди касалиҳои COVID гӯё ба худ меоям. Шукр, ки бачаҳо ҳастанд ва мушкилиҳоро осон мекунанд. Соҳиби шаш набера ҳастам ва се абера. Яъне бодавлат.

Мусоҳиб

Одил НОЗИР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.