Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз «Дарди ишқ» то «Марги бегуноҳ»

Нависанда Кароматуллоҳи Мирзо 75 — сола шуданд

Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳраки Сомониён (собиқ маҳаллаи Кӯктош) арӯс бурданду хешу табор ва ҳамсояҳо корвони бахтро ҳамроҳӣ мекарданд. Чун анъана тӯй идома меёфту навбат ба чодарзанӣ расид. Занони калонсолу солор аз ҷавонзани чобуке хоҳиш карданд, то ин амалро анҷом диҳад. Аммо ҷавонзан рад кард.

«Ман зани бадбахтам, чодар задани ман хосияти нағз надорад»,- гуфт ӯ. Дар рафти суҳбат яке аз занҳо аз ҷавонзан ҳасби ҳол пурсид. Вай оҳи чуқур кашида саргузашти худро нақл кард: «Шавҳари ман майхора шуду ду фарзандамро гирифта, аз ӯ ҷудо шудам. Аммо шавҳари собиқам писарамонро хеле зиёд дӯст медорад. Писарам низ ба падараш меҳри зиёд дорад.

Баъди ҷудошавиамон падараш қариб ҳар рӯз ба дидорбинии писараш меояд. Ҳатто шабҳоро пушти тиреза рӯз мекунад… Аз ҷудо шуданам пушаймон шудам. Зеро баъди омадани мо шавҳарам бештар арақнӯш шуду худам хонавайрон ва писаракам ҷигархун. Кош, каме сабр мекардам…».

Зан хона омад ва қиссаро ба шавҳараш нақл кард. Ин ҳодиса – вайрон шудани як оила мардро ором нагузошт. Ӯ рӯзҳову ҳафтаҳо ин ҳодисаро дар мағзаш чарх мезанонд ва сабаб меҷуст. Билохира сари миз нишаст ва баъди чанд муддат тавлид шуд повести «Дар орзуи падар», ки баъди солҳо таҳриру такмил ёфта, ба романи калон мубаддал шуд.

-Баъзан вақт як ҳодисаи хурд метавонад нависандаро такон диҳад, то асари калоне ба вуҷуд ояд. Лев Николаевич Толстой, нависандаи бузурги рус низ аз рӯзнома хабареро мехонад, ки зане худашро зери поезд партофта, ҳалок шудааст. Толстой шабу рӯз дар мавриди тақдири он зан меандешаду ба вуҷуд меояд романи бузурги «Анна Каренина». Яъне, Толстой асоси воқеӣ ва ҳаётӣ доштани сюжаи асарро талқин мекунад. Ман ҳам гумон мекунам, ки ҳар асаре, ки аз рӯзгори воқеӣ аст, ба дили мардум пештару бештар ҷой мешавад, мегӯяд Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо.

Дар остонаи зодрӯзи устод Кароматулло Мирзоев суҳбати ҳамкорамон Одимли Нозирро бо эшон манзури хонандагони pressa.tj мегардонем.

-Устод, асарҳои шумо бозгӯкунандаи ҳолати муосирони мо аст ва халлоқияти баланде доранд. Чӣ гуна пайдо шудани «Дар орзуи падар»-ро гуфтем. Дигар асарҳои шумо ҳам оё персонажҳои воқеӣ доранд?

-Бале. Ҳар асаре, ки ман менависам, аз таъсири зиндагист ва рӯйдоде аст, ки дар ягон давра рух додааст. Хуш аст ё нохуш аз зиндагист. Мисол, повести «Дарди ишқ». Як замон, воқеан, мардуми мо дар зери ҷабри раисон буданду аз зулми онҳо шиква мекарданд. Дарди мардумро гӯш карда, ин повестро иншо намудам. Дар образи Мансури Ланг, раисони зиёде худашонро шинохтанд. Фарзандон образи падаронашонро дидаву мардум он раисони ҷабборро ба хотир меоварданд.

Аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба ман мактубҳои зиёде меомад. Яке аз онҳо то имрӯз ба ёдам ҳаст, ки аз ноҳияи Ёвон омада буд. Муаллиф менавишт, ки дар замони ҷанг дар деҳаашон об набуд. Танҳо як чашмаи хурд ниёзи мардумро бароварда месохт. Аммо раис, ба хотире ки зердаст будани мардумро нишон диҳад, дар гармои тобистон пояшро луч карда, дар он чашма меандохт ва амр мекард, ки аз поён об гиранд… Ҳамин тавр аз асарҳои ман инсонҳо худашон, пайвандонашон ва наздиконашонро шинохта, ҳатто таҳдид ҳам мекунанд ва ба худаму фарзандонам халал ҳам мерасонанд…

-Яъне персонажҳо, ба ҷойи он ки худро шинохта, шарм кунанду ислоҳ шаванд, худашон пайдо шуда, даъво ҳам мекунанд?

-Даъво ҳам гап, мезананд. Вақте романи «Марги бегуноҳ» нашр шуд, ду — се кас занг зада, эрод гирифт. Аммо вақте филм шуд, дар рӯзи нахустнамоиш дар «Кохи Ҷомӣ» як гурӯҳ ба сари ман пархош карданд. Писарам Иқболро думболагирӣ карда заданд. Баъди чанд рӯз ба худам занг зада, бо лаҳҷаи бегона вохӯрӣ таъин карданд. Хушбахтона, кормандони амният онҳоро муайян сохтанд. Онҳо нафароне будаанд, ки дар ҷангҳои шаҳрвандии мо саҳм дошта, баъди оромӣ ба хоки бегона фирор карда будаанд.

-Аз суханҳои шумо метавон хулоса кард, ки ба хотири он ки асари бадеӣ муваффақ шавад, бояд аз рӯзгори мардум ва ҳамзамонони худи нависанда бошад?

-Бале, ин талаботи реализм аст. Дар дигар сабкҳо қонунҳои дигар ҳам вуҷуд дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳар шунидаро навиштан нависандагӣ ва муваффақияти асар бошад. Нависанда бояд ботини лирикӣ дошта бошад, дарду доғи персонажҳояшро ҳис кунад, баробари онҳо дард кашад, худашро ғамшарику шодишарики образ кунад, баъд мешавад образ барҷаста ва хотирмон. Албатта, дар баробари ин маҳорати нигориш, забон, услуб ва ҷаҳонбинӣ хеле муҳим аст. Баъд дониш. Нависанда барои тасвири як персонаж ё як сюжет бояд касбу кори персонажашро донад ва муҳити ондавраинаро омӯзад.

Вақте ман повести «Шабе дар Кабудҷар»-ро навиштам, дар рӯзи муҳокима устод Ф. Муҳаммадиев гуфта буданд: «Кароматулло, магар ту ронанда ҳастӣ, ки ин қадар муҳити автобаза ва қисмҳои мошинро моҳирона тасвир кардаӣ?» ва асари маро ба чоп тавсия карданд. Умуман, устод Фазлиддин Муҳаммадиев барои рушду нумӯи ҳамаи нависандагони насли мо саҳми калон доранд. Эшон ҳеҷ гоҳ кӯмаки худро барои мо дареғ намедоштанд. Маслиҳату машварат медоданд. Барои нашри китобҳоямон талош мекарданд. Барои чопи повести аввалини банда чандин маротиба ба назди роҳбарони нашриёт даромадаанд. Ҳатто як корманди нашриёт аз Ҳадиса Қурбонова пурсидааст: — «Ин Кароматулло ҳамшаҳрии Муҳаммадиев аст, ки барояш такудав дорад?».

-Шумо ҳам ба гуфти Фазлиддин Муҳаммадиев «писари газета» ҳастед. Тамоми умр дар рӯзнома кор кардед. Ҳатто дар як давра сардабири ду нашрия – ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи русии «Помир» будед. Бигӯед, кор дар рӯзнома ба нависанда чӣ таъсире мерасонад, зеро бархе рӯзномаро боиси паст шудани сифати асари нависанда медонанд…

-Ман ҳар чӣ ёфтам, аз газета ёфтам. Дар «Тоҷикистони советӣ» мудири шуъбаи мактубҳо будам. Он солҳо мардум, махсусан ҷавонон, дарди дилашонро ба газета менавиштанд. Газета минбари розу ниёз буд. Газета барои фарох шудани фикр ва дарку омӯзиши рӯзгори воқеии мардум мусоидат мекунад. Ин мактаби бузурге аст барои нависанда.

-Устод, аксари эҷодиёти шумо филм шудааст. Аз куҷо сар шуд ҳамкории шумо бо синамогарон ва чӣ сабаб аст, ки онҳо ба эҷодиёти шумо мароқ зоҳир мекунанд?

-Фикр мекунам, боз ҳам наздик будани муҳтавои асарҳои ман ба рӯзгори мардум. Дар замони шӯравӣ алоқаи нависандагон бо синамогарон зич буд. Бинобар ин филмҳои он замон сифати баланд дорагд. «Дарди ишқ» дар «Садои Шарқ» чоп шуду Давлат Худоназаров ба ман занг зада, гуфтанд, ки мо асаратонро хонда, маъқул кардем. Розӣ ҳастӣ, ки аз он филм созем. Ман розӣ шудам. Баъди ин сенарияи онро бо русӣ навиштанд ва ман худам онро бо тоҷикӣ тарҷума кардам. Анвар Тӯраевро режиссёр таъин карданду банаворгирӣ сар шуд.

Ин аввалин филми «Тоҷикфилм» аст, ки бо забони тоҷикӣ ба навор гирифта шудааст. Баъди ин «Дар орзуи падар», «Нишони зиндагӣ», «Марги бегуноҳ» ва ғайра силсилафилмҳо шуданд. Филмномаи аксари ин филмҳоро аз рӯйи асарҳои ман Гулназар навиштаанд. Мо бо он кас ҳанӯз аз ҷавонӣ ҳамкории наздик дорем ва якдигарро хуб дарк мекунем. Чанд асари маро эшон радиотеатр кардаанд, ки тариқи радио садо додааст. Филми «Дар орзуи падар» баъди сукути чандинсолаи кинои тоҷик як такони ҷиддӣ дар синамо буд. Ҳатто Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай зимни як сафар ба Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки як филми шумо «Дар орзуи падар» тамоми Афғонистонро мафтун кардааст. Ва хоҳиш кардааст, ки барояш як нусха омода кунанд.

-Романи «Марги бегуноҳ»-ро мунаққидон яке аз аввалин асари бадеии ҷиддӣ дар мавриди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтаанд. Ин асари шумо баъди гузаштани солҳои зиёде аз ҷанг навишта шуд. Чаро ин асар ин қадар дер ба вуҷуд омад?

-Ҳаводиси нохуши ҷанги шаҳрвандиро ман солҳои дароз барои худам қайд мекардам, дафтарҳои алоҳидае доштам, ки баъзеи онҳо зард шуда. Ҳамаи он дидаву шунидаҳоро менавиштам. Аммо барои хулоса кардан ба чунин як воқеа бояд муҳлат гузарад. Ин асарро ман баъди чандин сол навиштам, аммо то ҳол фикр мекунам, ки хулоса кардан ҳанӯз ҳам барвақт аст. «Марги бегуноҳ» ва асарҳои ҳамсон замина аст, ки ҷавонони мо, наслҳои баъдии адабиёт дар оянда симоҳои барҷастатар офаранд ва воқеияти ин фоҷиаи миллиро кушоянд. Нависанда пули байни наслҳост. Бинобар ин навиштаҳои мо барои онҳо ба сифати замина хидмат мекунад.

-Насли оянда гуфтеду дар бораи насли ояндаи адабиёт фикр кардам. Бубинед, ба наздикӣ чандин нафарро ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд, аммо дар баробари 10-11 шоири ҷавон танҳо ду нависанда, ки умри ҳар ду ҳам 35-у 40-ро убур кардааст. Ин тазодро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Коми тоҷикро ба шеър бардоштаанд, бинобар ин нависанда ҳамеша дар мо кам асту шоир бисёр. Ин дар ҳама давра будааст, зеро нависандагӣ кори душвору миёншикан аст. Ҳатто аз миёни бонувон нависандагон ангуштшуморанд. Ин як раванди маъмулист. Аммо ҷавонони нависанда чӣ менависанд, оё маҳсули кори онҳо арзише дорад? Ин суолест, ки бояд мо ҳини шинохти онҳо диҳем.

-Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб,

Одили НОЗИР

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj