Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз дастгирии Президент то гулпошиҳои сохта дар суҳбати Хуҷастаи Мирзовалӣ (Видео)

Ҳафтаи гузашта овозхони операвӣ ва этсрадии тоҷик Хуҷастаи Мирзовалӣ меҳмони барномаи интернетии “Корзина”-и ютубканали Pressa.tj буд.

Суҳбати ошкорои Хуҷастаи Мирзовалӣ асосан бобати тозагии санъат, таҳсил дар Италия, камбудиҳои эстрада, норасоиҳои опера, омӯзгори дар Консерваторияи миллӣ, Инстаграм ва тӯйгардиҳо буд.

Хуҷаста дар мавриди каҷравӣ дар санъат ва тоза набудани шоу-бизнес чунин фикр дорад: “Сухани он ки санъат ё шоу-бизнес тоза нест, дурӯғ аст, зеро на санъат ва на шоу-бизнес гуноҳе надоранд. Ин мо инсонҳо ҳастем, ки дар дохили онҳо ҳастем, кор мекунем, фоида мегирем, худамонро муаррифӣ мекунем ва ба қадри фаҳмишу тафаккурамон муаррифгари санъату шоу-бизнеси кишвар мешавем”. Ин фикри овозхон дар ҳолест, ки бархе аз мардуми мо фикр доранд дар ҳоли ҳозир тамоми чиркиниву каҷгардиҳо дар шоу-бизнес аст.

Шакли пурраи барномаи «Корзина»

Инчунин дар барномаи “Корзина” Хуҷаста аз дҳастгирии ғамхоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда гуфт: “Ман сипосгузориямро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, зеро маҳз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои эшон ман тӯли як сол дар Италия таҳсил кардам ва бисёр нозукиҳои жанри операро омӯхтам.

Меҳмони барнома аз сафарҳои хориҷияш, ки аксарияти куллашон сафарҳои ҳунарӣ-давлатӣ ҳастанд ёдовар шуда, қиссаи ҷолиби “Ман тоҷикам”-ро гуфт.

Хуҷастаи Мирзовалӣ ният дорад, ки дар панҷ соли оянда оиладору соҳиби фарзанд шавад ва каме ҳам бошад ба санъату фарҳанги тоҷик хизмат намояд.

Ёдовар мешавем, ки Хуҷастаи Мирзовалӣ ҳунарманди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, то соле қабл омӯзгори Консерваторияи миллӣ буд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj