Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз дидор бо устод Айнӣ то кор бо Эмомалӣ Раҳмон

Мусоҳиба бо ходими давлативу ҷамъиятӣ Зебо Сангинова

Чанд рӯз пеш ходими давлативу ҷамъиятӣ Зебо Набиевна Сангинова меҳмони «Тоҷикистон» буданд. Чун арафаи интихоботи президентист, суҳбати мо ҳам нохудогоҳ аз ҳамин мавзӯъе, ки вирди забони хосу ом аст, оғоз шуд…

Зебо Сангинова кист?

Сангинова Зебо Набиевна соли 1968 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро хатм карда, фаъолияти хешро дар Бозрасии давлатии навтаъсиси ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон оғоз кардааст. Аз соли 1976 то соли 1986 дастурдеҳи шуъбаи таблиғоту ташвиқоти Кумиҷроияи ноҳияи Октябр, мудири шуъбаи таблиғоту ташвиқоти Кумитаи иҷроияи ноҳияи Роҳи Оҳан ва котиби ҳизбии ноҳияи мазкур ва ҳамзамон мутасаддии соҳаҳои маданияту маориф ва иҷтимоиёт шуда кор кардааст. Аз соли 1986 сардори Раёсати муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон буд. Соли 1995 бо ташкил шудани Вазорати фарҳанг ва иттилоот номбурда ба вазифаи сардори Раёсати муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, ташхиси бадеӣ таъин гардид. Соли 1998 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашта, то соли 2005 ба сифати сармутахассиси шуъбаи фарҳангу иттилоот ва робита бо ҷомеа ифои вазифа намудааст.

Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад

-Банда солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои гуногуни ҳукумат кор кардам, — ба суҳбат ҳусни оғоз бахшид Зебо Набиевна ва дафтари хотироти хешро варақгардон намуда, идома дод, — давраи тиллоии шӯравиро дидам, талхии ҷанги шаҳрвандиро чашидам, таҷриба андӯхтам ва бо боварӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад. Имрӯз вазъи ҷаҳон хеле ва хеле ҳассос аст, бинобар ин, зимоми идораи кишвари мо бояд дар дасти сиёсатмадори таҷрибадор бошад. Ва ҳамин гуна инсон танҳо ва танҳо Эмомалӣ Раҳмон аст.

Зебо Набиевна, гумон мекунам, ки натиҷаи интихобот чӣ гуна хоҳад буд, аз ҳозир маълум аст. Пас ин таъкиди бевоситаи шуморо сабаб чист? 

-Рости гап шабакаҳои иҷтимоиро дида, нигарон мешавам. Чанд нафар мехоҳанд, оромии кишвари моро халалдор кунанд.

Як лаҳзаро нақл мекунам. Солҳои 90-уми асри ХХ ҳамроҳи Мунира Иноятова, вазири маорифи кишвар ва чанд нафари дигар ба минтақаи Ғарм рафтем. Дар Нуробод шоҳиди он шудам, ки кадом як мулло 4 ҳуҷраи Қасри фарҳангро худсарона забт карда мадраса бунёд кардааст. Ягон нафар масъулони ҳукуматро пайдо накардем, зеро ҳама намози пешин рафта буданд. Як силоҳдор ба ман бо зарда гуфт: “Рӯймолатро банд!”. “Равее, ба рӯймоли ман чӣ кор дорӣ”,-гуфта, посух додам. Қариб байнамон кашмакашӣ мешуд. Масъулин монеъ шуда,  хоҳиш карданд, ки ба Рашт равем. Дар Рашт моро то субҳ силоҳдорон муҳофизат карданд. Маълум шуд, ки боевикҳо қасди куштани моро доштаанд. Дар ҳамин сафар даҳҳо духтарони бечораро дидам, ки хоҳиши хондан доранд, вале монеъ мешаванд…

Як маротибаи дигар ба Қӯрғонтеппа рафта, будем дар сари симхор кашол будани сари одамро дидам, ки ҳоло ҳам аз ёдам намеравад. Дар ҳамин Душанбеи худамон тир аз болои сарамон мисли жола мегузашт.  Шукр, ки он рӯзҳо гузаштанд…

Мардуми мо бояд ба қадри оромӣ ва сулҳу салоҳ бирасанд. Сулҳ беҳтарин неъмат аст.

-Шумо солҳои зиёд бо Президенти кишвар кор кардед? Шахсияти ӯро чӣ гуна тасвир мекунед?

-Ман ҳамеша дар соҳаи фарҳанг фаъолият кардам. Бинобар ин, ҳамчун мутахассис мегӯям, ки Президенти мо шахси дилсӯзи фарҳанг ҳастанд. Маҳз бо талоши эшон Саразм ҷаҳонӣ шуд, “Шашмақом” “Фалак” мақоми давлатӣ гирифт. Тоҷикистонро, мероси фарҳангии моро оламиён шинохту эътироф кард…

Кор бо қаҳрамонони Тоҷикистон

-Шумо ҳангоми фаъолияти хеш ҳамеша бо аҳли адабу фарҳанг ва зиёиён кор кардед…

-Соли 1978 ман ба вазифаи мудири шуъбаи таблиғоту ташфиқоти Кумитаи иҷроияи ноҳияи Октябр таъин шудам. Ҳамон шабу рӯзҳо омодагӣ ба таҷлили ҷашни 100 — солагии устод Айнӣ мерафт. Дере нагузашта, маро котиби ҳизбии ноҳияи Роҳи Оҳан таъин карданд ва  масъулияти баргузории ин ҷашн ба дӯши мо буд. Яъне, қадами нахустинам дар кори ташкилӣ ба устод Айнӣ вобаста буд. Ин масъулият барои ман аз он ҷиҳат хушоянд буд, ки ман дар синни 7-8 солагиам устод Садриддин Айниро дидаам, хонаи эшон, ки ҳозир осорхона аст, дар ҳамсоягии мо буд. Бинобар ин, масъулияти ман дучанд буд…

Устод Садриддин Айнӣ ягона Қаҳрамони Тоҷикистон нестанд, ки бо эшон вохӯрдаам. Зимни фаъолияти тӯлонии хеш дар ноҳияи Октябр, ҳукумати шаҳри Душанбе , Вазорати фарҳанг ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Эмомалӣ Раҳмон низ кор кардаам. Аз фаъолияти хеш бо Меҳрубон Назаров, Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳимова, Муҳаммад Осимӣ, Тамара Абдушукурова, Султон Мирзошоев, Нур Табаров ва дигар бузургони сиёсат ва давлатдории тоҷикон хотироти зиёд дорам.

Билети партиявӣ ба Назаршо Додхудоев

-Мегӯянд, ки шумо ба Назаршо Додхудоев билети партиявӣ  супоридаед…

-Бале, шумо хуб медонед, ки ходими давлтиву сиёсӣ Назаршо Додхудоев дар гирудорҳои изофанависӣ ҳамроҳи Турсун Ӯлҷабоев “сиёҳ” шуда, аз сафи ҳизб хориҷ шуда буданд. Албатта, ҳукми онҳо ноодилона буд. Бегуноҳии онҳо баъдан исбот шуд.

Вақти дуюмбора Назаршо Додхудоев ба ҳизб пазируфта шуданд, ман котиби ҳизбии райони Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур) будам ва эшон дар ноҳияи мо фаъолият мекарданд. Бинобар ин, муваззаф шудам, ки билети партиявиашонро ба он кас супорам. 

Вақти супоридани билет гуфтам:  — “Ман шарм мекунам, ки ба шумо барин шахсият билет супорам, шумо инсони бузург…”. “Ман ифтихор мекунам, ки аз дасти духтари дӯстам Набӣ Сангинов билет мегирам” – гуфтанд, он кас.

Маълум шуд, ки Назаршо Додхудоев бо падари ман, ки ходими давлатӣ буданд, робитаи дӯстӣ доштаанд.

Ёдгориҳои фарҳангӣ бояд ҳифз шаванд

-Шумо солҳои зиёд масъули ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ будед. Айни замон яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи мо нобуд шудани ёдгориҳост. Шумо ҳамчун мутахассис чӣ тавсияҳо медиҳед?

-Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар замони шӯравӣ яке аз вазифаҳои муҳими Вазорати маданият буд. Мо дар ҳамаи шуъбаҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ намоянда доштем, ки онҳо ёдгориҳоро назорат ва ҳифз мекарданд. Барои барқарор кардани ёдгориҳо маблағҳои калон ҷудо мешуд. Археологҳо, муаррихон, рассомон, рестовраторҳо якҷоя фаъолият карда ёдгориро бозсозиву тармим мекарданд. Нигаҳдории мероси гузашта кори осон нест ва ҳифзи он таваҷҷуҳи давлативу маблағи калонро тақозо мекунад.

-Солҳои охир чандин ёдгориҳо, муҷассамаҳо ва биноҳои таърихӣ аз байн рафтанд. Шумо ба ин чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Албатта, мисли ҳама бо дард. Мо набояд мероси гузаштаро нобуд мекардем, балки дар ҷойи дигар иншоотҳои нав месохтем. Биноҳои таърихӣ ба Душанбеи мо шукӯҳу шаҳомат мебахшид. Афсӯс, қисми зиёди биноҳо тахриб шуданд. Чӣ қадар мозайкаҳо ҳамроҳи ин биноҳо аз байн рафтанд…

Дар танҳоӣ…

-Зебо Набиевна, феълан чӣ рӯзгор доред?

-Нафақахӯр ҳастам. 20 сол қабл шавҳарам, профессор Ғайбулло Одинаевич Қараев бародари Ҷумъа Одина аз олам даргузаштанд. Ду фарзанд,  панҷ набера ва ду абера дорам, ки боиси хушҳолиям ҳастанд.

-Дар поёни суҳбат чӣ гуфтанӣ доред?

-Барои ман, ки якумр кор кардам, бекор нишастан душвор аст. Баъди ба нафақа баромадан дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанги Федератсияи мустақили  иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон кор кардам.  Гумон мекунам, ки ҳоло потенсиали кории мо нафақахӯрон тамом нашудааст, бояд аз таҷрибаи мо истифода кунанд. Ҷавонкунонии ҳайати ҳукумат, таваҷҷуҳ ба кадрҳои ҷавон хуб аст, вале дар паҳлуи ҷавонон бояд мо барин таҷрибадорҳо фаъолият кунем, то онҳо аз тавсияҳои мо бархӯрдор шаванд… Собиқадорони меҳнат ба таваҷҷуҳи хос ниёз доранд, зеро онҳо умри худро ба халқу Ватан бахшидаанд.

Мусоҳиб

Одил Нозир

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.