Аз Интернет пул кор кардан мехоҳӣ? Пас даст ба кор шав!

14- 15 сентябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе бо дастгири сафорати ИМА дар Душанбе бори аввал дар Тоҷикистон Фестивали Go Viral 2019 баргузор гардид.

14- 15 сентябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе бо дастгири сафорати ИМА дар Душанбе бори аввал дар Тоҷикистон Фестивали Go Viral 2019 баргузор гардид.

Go Viral ин фестивали байналмиллалиест, ки навоварони ВАО, бизнес технологияҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои омӯхтани навтарин тамоюлҳо ва ғояҳои олии мутафаккирон ва пешвоёни афкори соҳаҳои гуногун муттаҳид мекунад.

Дар ин фестивал мутахассисони фаъол, эҷодкор аз ИМА ва Осиёи Марказӣ ба иштирокчиён дар бораи сомона, блог, блогерон ва контент ба иштирокчиён маълумот доданд. Ҳамчунин, дар фестивал ҷаласаҳои панелӣ, семинарҳо, баромадҳои мусиқӣ, намоиши филмҳо дар барномаи се бахши зерин ба намоиш дода шуд.

Шералӣ Ҷӯрабоев, директори Sky Central Asia дар Тоҷикистон, Шаҳноза Ҳамдамова, директори Агенти рекламавии «Тайрон», Ольга Тутубалина, раҳбари МедиаГурӯҳи «Азия-Плюс» ва дигарон эҷоди мавод бо мавзую мундариҷаи тиҷоратӣ, василаҳои нави ВАО, гузориш, таҳлил ва коркарди маълумот, соҳибкорӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд.

Дар рӯзи аввали фестивал Рой Абдо, асосгузор ва директори генералии Digital Revamp Marketing, дар фестивали GoViral дар Душанбе аз таҷрибаи худ нақл кард, ки чӣ гуна метавон аз интернет пул кор кард.

Ӯ мегӯяд, ҳатто як табиб метавонад кори худро дар Интернет реклама карда, бо ин роҳ муштариёни худро зиёд кунад.

«Бештар вақт мо мегӯем, ки барои ин вақт надорем, пас маълум мешавад, ки мо вақти худро ба корҳои беҳуда мегузаронем. Ҳатто агар барои ин вақт надошта бошем, мо метавонем як нафарро ҳамчун иҷора гирем, ки барои мо ин корро кунад. Имрӯз Интернет ҷои телевизионҳоро гирифтааст.

Бештари одамон сари чанд дақиқа як бор ба экрани телефони худ нигоҳ мекунанд ё ба Интернет ворид мешаванд, ҳатто агар коре ҳам надошта бошанд. Бубинед вақте саҳар мо аз хоб мехезам, сараввал ба экрани телефони худ нигоҳ мекунем ё ба Интернет ворид мешавем. Аз ин рӯ ҳеҷ вақт дер намешавад барои контент онлайни худро сохтан ва бовар кунед шумо муштариёни худро хоҳед ёфт «-гуфт Рой Абдо.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *