Аз корманди мақомоти андоз то ректор. Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ кист?

Тавре қаблан хабар дода будем, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин шуд.Ҳоло шарҳи ҳоли номбурда ва дар куҷо фаъолият кардани ӯ ба ин мақом расидан пешниҳоди хонандагон мегардад.

Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ 24 феврали соли 1971 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии дорандаи ордени Байрақи Сурхи Меҳнати шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия ба номи М.А. Сусловро аз рӯи ихтисоси сиёсатшинос, муаллими фанҳои сиёсию – иқтисодиро хатм намуд. Ҳамзамон солҳои 2002, 2005 дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон таҳсил намуда, тахассусҳои иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносро соҳиб гардид. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 дар шуъбаи методологияи андозсупорандагони Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2000 дар вазифаҳои нозир, нозири калон, сарнозир ва сардори шуъба адои вазифа намудааст. Солҳои 2001-2003 — муаллими калони кафедраи «Андоз ва андозбандӣ»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, солҳои 2003-2006 — сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, солҳои 2006-2007 — сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2007-2008 – сармутахассиси раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2008-2013 – ёрдамчии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2014 – мудири бахши Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2017 – сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2017 -2018 дотсенти кафедраи «Андоз ва андозбандӣ», докторант-коромӯзи кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 24 январи соли 2018 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон то 23 ноябри соли равон фаъолият намудааст.

Аз 24 ноябри соли равон ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *