Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз Корупсия то ВКД ва Прокуратура: Тағйироти кадрӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл як гуруҳ кадрҳои навтаъин дар мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз дафтари матбуоти президент  иттилоъ доданд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Зарифзода Абдукарим Абдураҳим муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Наимӣ Аламхони Қодириёнро иваз намуд, ки моҳи гузашта бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор шуд.

Ба иттилои манбаъ инчунин дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон прокуророни шаҳрҳои Кӯлобу Истаравшан ва ноҳияи Шаҳринав бо сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати хизмат озод шуда, ба ин вазифаҳо кадрҳои ҷавону корозмуда мувофиқан Имонзода Раҳмоналӣ, Фирӯзхони Ҷаҳонгир ва Азимзода Сарвар Бозор таъин  гардиданд.

Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ ворид гардида, сардорони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияҳои Фирдавсӣ, Нуробод, Роғун, Шаҳринав, Шуғнон, Ишкошим, Ванҷ, Ҷайҳун, Муминобод, Темурмалик ва Носири Хусрав иваз карда шуданд. Ба ин вазифаҳо инҳо таъин шуданд:

Полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон ба вазифаи сардори Раёсати нозироти  ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон- полковники милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;- полковники милитсия Тавурзода Абдураҳмон Ғафур ба вазифаи сардори  Шуъбаи №1  ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;- полковники милитсия Юнус Бобозода Назар ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;- подполковники милитсия Назархудозода Нозим Тошбек ба вазифаи сардори Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;- полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон Гадохоҷа ба вазифаи сардори Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,

— подполковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе;

 

— полковники милитсия Қаноатзода Иматшо Зиёратшо ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;

 

— подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон;

 

— подполковники милитсия Имомбердизода Гулбек Худомун ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон;- подполковники милитсия Баҳриддинзода Қиёмиддин Низомиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон;- полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон ба вазифаи сардори Сармаркази  иттилоотӣ – таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;- полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори Шуъбаи   ВКД дар шаҳри Роғун;- подполковники милитсия Толибзода Бахтиёр Ҳабибулло ба вазифаи сардори Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;- полковники милитсия Ғуломзода Суҳроб ба вазифаи сардори Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Шаҳринав;- подполковники милитсия Раҳимзода Файзулло Изатулло ба вазифаи сардори Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Нуробод;

— полковники хизмати дохилӣ Азизуллоев Зиёдулло Амонуллоевич ба вазифаи сардори Шуъбаи  ВКД дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

 

 Дафтари матбуоти Президент иттилоъ медиҳад,ки  дар дастгоҳи марказӣ ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағироти кадрӣ ба амал омад: “Ҳайати якчанд раёсат ва роҳбарии қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа аз ҳисоби кадрҳое, ки Донишгоҳу Донишкадаҳои ҳарбии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимоти низомиро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон хатм карда, дар ҷумъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, мукаммал гардонида шуданд”.

Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъинро ба хизмати содиқона, садоқат ба давлату миллат, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат бо коррупсия даъват намуд. Дар иртибот ба авзои ноороми баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки манфиатҳои давлату миллат- бахусус ҳаёти осоишта ва суботу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

 

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.