Аз мудири кафедра то ректор. Жило Гулназарзода кист?

Нашрияи “Паёми донишҷӯ”-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маълумот дар бораи ректори нави донишкада Жило Гулназарзодаро нашр кард. Жило Гулназарзода ба ҷойи Маҳмадулло Раҷабзода 24-уми ноябри соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъин шуд.

Гуфта мешавад, ки Жило Гулназарзода хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» соли 2009 дифоъ намуд. Инчунин, 18-уми сентябри соли 2020 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Семантика феъл дар забони адабии тоҷикӣ (дар намунаи осори бадеии Абдараҳмони Ҷомӣ)» ҳимоя кардааст. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2006-2009 котиби илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ, солҳои 2008- 2011 раиси Шӯрои бонувону духтарони факултети филологияи ДМТ, солҳои 2012-2017 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети ДМТ, аз соли 2018 котиби илмии Шӯрои диссартатсионии назди ДМТ, аз 01.10.2019 то соли 2020 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ.

Мавсуф муаллифи китобу дастурҳои «Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» (2011), «Луғати феълҳои «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» (2014), «Забони давлатӣ», Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ (бо ҳаммуаллифӣ, 2018), «Забони давлатӣ», Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5-ум МТМУ таълимашон ба забони қирғизӣ (бо ҳаммуаллифӣ 2019), «Забони давлатӣ», Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5-уми МТМУ таълимашон ба забони туркманӣ (бо ҳаммуалифӣ, 2019) ва силсилаи барномаҳои –илмӣ таълимӣ меёбошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *