Аз овоза то ҳақиқат. Навбатпоии сокинон барои харидории орд дар Хатлон

Тайи ду рӯзи охир сокинони шаҳру ноҳияҳои атрофи Бохтар ба нуқтаҳои фурӯши орд рехта,  барои захира аз як то даҳ халта орд харидорӣ мекунанд.                                                                 

Маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиат ба сокинони кишвар гуфт, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус, орд ва болоравии нархҳо асос надоранд.                                                      

Тибқи маълумоти нашршуда, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мувофиқи омори расмӣ, муҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

Зафар, сокини ноҳияи Кӯшониён, гуфт, дар мағозаҳои деҳаи мо ва атрофи он тамоман орд намондааст. “Таксӣ киро карда, ба шаҳри Бохтар барои харидории орд омадем. Аз зиёд будани одамон баъди чанд соати навбатпоӣ ҳамагӣ як халта орд харида тавонистам. Овоза аст, ки дар Тоҷикистон гирифторӣ ба короновирус мушоҳида шудааст. Аз ин ҳисоб дигар ба Тоҷикистон орд ворид намешавад.  Маҷбур шудем, барои чанд рӯз орд харидорӣ ва захира кунем”,- афзуд  ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳимзода Каримхон, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, гуфт, дар ягон гӯшаю канори Тоҷикистон гирифтории сокинон ба кароновирус сабт нашудааст. “Ҳукумат барои ворид нашудани вируси карона ба кишвар тамоми чораҳои заруриро андешидааст. Танҳо сокинонро зарур аст, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, осуда зиндагӣ кунанд”, — илова кард ин шахси масъул. 

Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Раёсати Хадамоти зидиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, гуфт, паҳн кардани овозаҳои камчинии орд ва манъ шудани воридшавии он ба Тоҷикистон кори дасти баъзе аз соҳибкорон аст. Ба гуфтаи ӯ, аллакай паҳнкунандагони ин овозаҳо маълум шуда, нисбаташон чораандешӣ карда мешавад. Дар масъалаи воридшавии орду гандум аз Русия ва Қазоқистон ягон гуна мушкилӣ нест. Барои бидуни мушкилот гузаронидани фасли сармо, фақат дар анборҳои махсуси шаҳри Бохтар беш аз ду ҳазор тонна орд захира дорем, афзуд ӯ.   

Дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сокинон ба овозаҳои беасос бовар карда, барои харидории орд пушти дари мағозаҳои ордфурӯшӣ дар навбатанд.

Масъулон паҳн кардани чунин овозаҳои беасосоро кори дасти чанд соҳибкори манфиатхоҳ дониста, аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар ин масъала нигарон набошанд. Дар тамоми нуқтаҳои ордфурӯшӣ ва бозорҳо маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла орду гандум фаровон аст.

Машраби Аловиддин

«Тоҷикистон«

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *