Аз Рӯшон то Бартанг баъди заминларза

Дирӯз дар ноҳияи Рӯшон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд иншооти муҳим мавриди истифода қарор гирифт.

Ибтидо мавсуф аз дурдасттарин деҳаи Ғуддара, ки 143 км дуртар аз маркази ноҳия, дар шафати Кӯли Сарез қарор дошт, дидан намуд. Ин деҳа 7 декабри соли 2015 бар асари заминларзаи шадид, ки 7- 8 балро ташкил медод, зарар дида буд. 36 хона комилан хароб ва биноҳои дигар осеб дида буданд. Бо дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин деҳаи баландкӯҳ, ки аз сатҳи баҳр дар масофаи 3100 метр қарор дорад, шаҳраке нав бунёд гардид. Баъдан дар маркази ноҳия бинои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти андози ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Пас аз анҷоми боздид аз ноҳияи Рӯшон хабарнигори «Tajikistantimes” сӯҳбате дошт бо раиси ноҳия Худоёров Худоёр.

Қариб ҳар сол аст, ки Президенти кишвар аз ноҳияи Рӯшон дидан мекунад ва бо мардум мулоқот меорояд. Самараи ин боздидҳоро дар чӣ мебинед?

— Ширинии рӯй дар гармии рӯй аст мегӯянд. Ҳар қадар чунин боздидҳо бештар шаванд, ба ҳамон андоза муҳаббати мардум ба Пешвои миллат зиёдтар мегардад. Ман зодаи Рӯшон ва одами давраи Шӯравӣ ҳастам. Дар он давра роҳбари вилоят он тараф истад, ҳатто роҳбари ноҳия ба Ғуддара наомадааст. Деҳаҳо аз ҳам канда буданд, шаш моҳ бо маркази ноҳия робитае надоштанд. Шукри Ҷаноби Олӣ, ки ба ин деҳаҳо, на танҳо вазирону шахсони масъули ҳукумат, ҳатто сарвазир ва имрӯз худи Пешвои миллат ташриф оварданд. Порсол ҳангоми ифтитоҳи Кохи фарҳанг Ҷаноби Олӣ бо мардуми ноҳия мулоқот доштанд. Чанд нафар аз он кас дархостҳо намуданд. Аз ҷумла, директори мактаби рақами 7 баромад карда, арз намуд, ки таълими хонандагон дар бинои кӯҳнасохти солҳои панҷоҳ сурат мегирад. Ҳамон лаҳза Президенти кишвар дар мавриди сохтмони бинои нав ба мутасадиён дастур доданд. Дар муддати кӯтоҳ тарҳи он тасдиқ ва сохтмонаш оғоз гардид. Дар он вохурӣ чунин масъаларо ҳамчунин директори мактаби деҳаи Сипонҷи ҷамоати Бартанг ба миён гузошт. Ҳоло сохтмони мактаби дуошёна ва хобгоҳ дар ин деҳа дар авҷ аст. Камчинии барқ дар деҳаи Деҳи ноҳия боиси азоби сокинонаш буд. Пас аз муроҷиати мардум, бо дастури Ҷаноби Олӣ сохтмони хатти 35 киловатта аз маркази ноҳия то Деҳ оғоз гардид ва ҳоло дар марҳилаи ба анҷомрасист. Ин сохтмонҳо на танҳо бунёди иншооти нав, балки ҷои корист, ки мардуми Бадахшон ба он зарурат доранд. Дар ин замина садҳо ҷойи кор кор бунёд гаштанд. Воқеан ин заминларза балое буд бар сари мардуми ноҳия. Мушкилоти он боз дар он буд, ки зимистон, 7 декабр рух дод. Мо аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории фаврии сарвари давлат бархурдор гаштем. Дар натиҷаи заминларза дар ноҳия 133 хона пурра, 149 хона кисман хароб гардиданд. Умуман 2887 нафар зарар диданд. Роҳҳо, кӯпрукҳо вайрон шуданд. Зарари расида ба хоҷагии халқи Рӯшон 28 милён сомониро ташкил медод. Фавран Комиссияи фавқулода аз ҳисоби шахсони масъули ҷумҳурӣ ва вилоят вориди ноҳия гаштанд. Ду рӯз баъд Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода омаданд. Зимистон мушкил буд. Мо то деҳаи Басит бо мошин ва 35 км дигар то деҳаи Басит пиёда омадем. Дар Ғуддара 38 хона ба пуррагӣ ва хонаҳои дигар қисман хароб гардида буданд. Таърихи 10 декабр ба Комиссия муяссар гашт, ки зарардидагонро тавассути чархбор ба маркази Рӯшон интиқол диҳад. Дар Рӯшон дар 9 ҷой дарои осебдидагон манзилҳои зисти муваққатӣ омода карда шуд. Худ шоҳиди он гаштед, ки дар Ғуддара ба ҷои хонаҳои вайрона шаҳраке бунёд гашт, аз масофаи 6 км, аз чашмасор ба сокинони шаҳрак тавассути қубур оби софи нӯшокӣ гузаронида шуд. Аз деҳаи Пасор дар масофаи 12 км ба Ғуддара хати барқ гузаронида шуд. Дар ин деҳа ҳатто замони Шӯравӣ хатти барқ набуд. Аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ройгон 660 кубометр тахта, 118 тона арматура, зиёда аз 15 000 дона тунука, 700 тонна симент, дару тирезаҳои нави пластикӣ ба мардуми зарардида фиристода шуд ба ҳама хонаҳо дару тирезаи нав 700 тонна симент дастрас гардид. Ба деҳаи Нисор, ки 400 сокин дорад аз масофаи 2 км хати оби ошомиданӣ ва обёрӣ гузаронида шуд. Иншооти обёри 100% таъмир гардиданд, 181 км роҳи мошингард таъмир ва барқарор шуданд. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон 4 техникаи роҳсоз, 1 боркунак ва 1 экскватор барои водии Бартанг ҳадя карданд. Иншоотҳои зиёди дигар ҳастанд, ки сохтмонашон ба анҷом расидааст ё дар марҳилаи анҷомрасӣ қарор дорад.

Шариф Ҳамдампур

Деҳаи Ғуддараи водии Вахон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *