Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз рашк ҳамсояро кушт

Аз мақомоти умури дохилии Тоҷикистон оидибоздошгардидани сокини 32-солаи ноҳияи Файзобод хабар доданд, ки дар пайи рашки беасос ҳамсояаш-марди 42-соларо ба қатл расондааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, сокини 71-солаи ноҳияи Файзобод ба мақомоти милиса муроҷиат намуда, арз доштааст, ки тахминан соатҳои 19:00 – 20:00-и 7-уми август, писари 42-солааш аз манзили истиқоматиаш баромада, бо сабабҳои номаълум бедарак шудааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратура, ҷасади марҳум аз дохили боғи ҳудуди деҳаи Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзобод, аз таги хоки зери дарахт бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Ҳамчун гумонбар дар ин куштор марди 32-сола, сокини ноҳияи Файзобод дастгир гардид”.

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ муайян карда шуд, ки боздоштшуда марди 42-соларо аз бо сабаби рашки беасос, ки гӯё ӯ бо зани 29-солааш муносибати маҳрамона доштааст, бо корд 16-зарба зада ба қатл расондааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Наргиса ахмадзода 16.08.2016 16:23

    вооой дод боз куштор. дар файзобод боз хабари нав, ин чи руз буд, мардумммммммм

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.