Аз самолёти Президент то гиромидошти нахустин авиаконструктори тоҷик

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, 1 августи соли равон дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО оид ба фаъолияти вазорати мазкур мухтасар гузориш дода, сипас ба саволҳои зиёди рӯзноманигорон доир ба дастовардҳо дар ҷодаҳои роҳсозӣ, вазъи  боркашонию  мусофиркашонӣ ба василаи нақлиёти автомобилию роҳи  оҳан, хатсайрҳои ҳавоии кишвар ва назорати давлатии фаъолияти онҳо ҷавоб гуфт.

 Шералӣ Ганҷалзода аз ҷумла таъкид намуд, ки болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар самти Тоҷикистон — Русия, ки якбора аз 2 ҳазор сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ расидааст, ҳукумати кишварро нигарон кардаст. Айни замон барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, масъулин якҷоя бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархномаи чиптаҳоро баррасӣ  менамоянд ва  болоравии нархи чиптаи ҳавопаймо мавсимӣ хонда, афзуд, ки он ба зудӣ поин хоҳад рафт.

Вазири нақлиёти кишвар дар ҷавобаш оид ба кушодани хатсайри ҳавоии Душанбе- Тошканд иброз нмуд, китамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои роҳандозии парвозҳо дар ин хатсайр мавҷуданд: “Имрӯзҳо муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон маълум аст. Агар ин масъала мувофиқа шавад, мо ҳамеша омодаи ташкили парвозҳоем”. Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини нақлиёти Узбакистон низ барои роҳандозии парвозҳо дар самти “Тошканд-Душанбе” изҳори омодагӣ карданд. Аммо ба гуфтаи раҳбари ширкати ҳавопаймоии давлати Ӯзбакистон Валерий Тян, ягона чизе ки ҳоло монеи азсаргирии парвозҳо дар ин масир шудааст, имзо нашудани созишномаи ҳукуматӣ миёни Тошканду Душанбе мебошад.

-Масъалаи харидани самолёти шахсӣ барои Сардори давлатамон ба салоҳияти Дастгоҳи иҷроияи  Президент дахл дорад, — гуфт ба пурсиши рӯзноманигорон вазири нақлиёт.

Шералӣ Ганҷалзода пешниҳоди хабарнигори «Тоҷикистон»-ро дар бобати гиромидошти хотираи нахустин авиаконструктори тоҷик Фаррух Муҳаммадиев, ки дар рушди авиатсияи шӯравӣ саҳми бориз дошт ва то имрӯз дар муассисаҳои таълимии авиатсионии  Русия ва дигар кишварҳои хориҷа аз китобҳои дарсии ӯ истифода мебаранду аз рӯйи лоиҳаҳо ва тарҳҳои эҷодкардаи Ф. Муҳаммадиев тайёраҳои мусофирбару ҳарбӣ истифода бурда мешаванд, пазируфт. Вазир ба сардори раёсати авиатсияи граждании вазорат Анварҷон Нуров дастур дод, ки ин пешниҳодро мариди баррасӣ қарор диҳад.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *