Аз сарнавишти хеш пушаймонам. Ногуфтаҳои Шоҳаншоҳи Сармаддеҳ Баҳманёр

Офаридгори Сармаддеҳ – яке аз зеботарин деҳаҳои адабиёти ҷаҳон, Баҳманёр аз олам даргузашт. Марги ӯ, ки дар синни 66-солагӣ ба вуқӯъ пайваст, ногаҳонӣ буд. Нависандаро дар зодгоҳаш Панҷакент, тавре худ васият карда буд, ба хок супориданд…    

Баҳманёр дӯст намедошт, ки дар бораи худ ҳарф занад. Аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекард ва гоҳ-гоҳе барои мусоҳиба розӣ мешуд. Он чӣ дар зер пешкаши шумо мешавад, аз суҳбатҳои солҳои гуногун гирдоварӣ шудааст…

ДАРИЧАИ ОШНОӢ:  Аминӣ Баҳманёр Арабзода 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкардаи риштаи забони арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошад. Дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография, рӯзномаи  «Маданияти Тоҷикистон» ба сифати мутарҷим дар Либия, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. Дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муддате ба Маскав ва баъдан ба зодгоҳаш Панҷакент кӯчид ва сардабирии рӯзномаи «Самандар» ва маҷаллаи «Дайри муғон»-ро ба дӯш дошт. Соли 1997 барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд.

Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд”, “Аспи обӣ”, “Время цветения ромашки”, “Дуди ҳасрат”, “Зарринаи Зарнигор”, “Песен идущего в петлю”, “Сармаддеҳ” (роман ва ҳикояҳо дар се китоб), “Шоҳаншоҳ” ва мураттиби китоби “Турфаҳо” мебошад. Осори  ӯ дар Эрон, Русия, Қазоқистон, Бритониё ва дигар кишварҳо ба нашр расидааст.

Баҳманёр аз шумори адибони забардаст, далер, нотарс ва вораста буд, ки тавонист қолабҳои маъмулиро дар наср шиканад, махсусан, дар ҳикоянависӣ. Баҳманёр як сабки тозае дар адабиёти тоҷик ба майдон овард. “Сармаддеҳ”-и ӯ дар адабиёти форсӣ назир надорад…

Биолог шудан мехостам…

Ман наметавонам гӯям, ки нависанда шудан ин орзуи кӯдакии ман буд, зеро то синфи 5 ман аслан ягон китоб нахонда будам. На китоби бачагона ва на китоб барои калонсолон. Вақте дар синфи 5 таҳсил мекардам, падарам  “Афсонаҳои халқи тоҷик”-ро оварданд.  Ман  онро ончунон зиёд хондам, ки қариб пурра аз ёд карда будам. Баъди ҳамин китобхонии ман шурӯъ шуд. Дар мактаби миёна хеле китобҳои зиёд мехондам, вале фикри нависанда шудан надоштам. Мегуфтам, биолог мешавам, чун рағбат ба омӯзиши табиату тамошои он зиёд доштам.  

Мактабро хатм карда, ба факултети биология ҳуҷҷат супурдам, вале, мутаассифона, аз озмун нагузаштам. Соли дигар бо хоҳиши падарам ба шуъбаи арабии факултети шарқшиносӣ ҳуҷҷат супурдам ва хушбахтона, дохил шудам…

Ҳикояи аввалин

Чун мутолиаи зиёд доштам, сарнавишти ман ба адабиёт пайваст.

Вақти таҳсил дар курси сеюми донишгоҳ ҳикояи “Оҳубарра”-ро навишта, ба “Маориф ва маданият”, ки муҳаррири он Бӯринисо Бердиева буд, бурдам. Гуфтанд, баъд хабар гир, вале дигар суроғ накардам.

Аз миёни нашрияҳои он замон “Маориф ва Маданият”- ро ман ҳатман мехаридам ва мехондам. Як рӯз кушодам, ки дар саҳифаи 3 ҳикояи ман чоп шудааст, хеле шод шудам, ки дар як нашрияи хеле ҷиддии вақт аввалин навиштаи ман рӯи чопро дид. Он эҳсосро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам ва бо ҳамин навиштан сар шуд…

Сармаддеҳ куҷост?

Сармаддеҳи ман дар харита нест. Умуман вуҷуд надорад. Ин деҳ бофтаву сохтаи ман аст ва ман кӯшидаам тақрибан бахши муҳими эҷодиётамро аз сарнавишти ҳамин деҳаву сокинони он мураттаб созам. Дар адабиёти дунё назири он зиёд аст. Масалан, Уилям Фолкнер, нависандаи маъруфи амрикоӣ, соҳиби Ҷоизаи Нобел як музофоти хаёлӣ дорад ба номи Йокнопатофа. Адиб харитаи ин музофотро кашида буд. Дар он харита маҳалли зисти сияҳпӯстон, сафедпӯстону сурхпӯстон, корхонаву ширкату ҷангал ва дарёҳоро ҳам мушаххас карда буд. Болои ин харита навишта буд: Ҳокими ягона Уилям Фолкнер. Дар адабиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам намунаҳо буданд, масалан, Сумикати Гран Матевосян, Чегеми Фозил Искандар. Габриэл Гарсиа Маркес ҳам як шаҳри хаёлӣ дошт ба номи Макондо. Сармаддеҳ ҳам чунин аст. Худам сохтам.  Ягон қаҳрамони ман дар зиндагӣ вуҷуд надорад. Ҳама бофтаву сохтаи худи мананд. Фақат баъзе штрих ё ҷузъиёте ҳастанд, ки онҳоро аз зиндагӣ мегирам, яъне ягон ҷо дидаму шунидам. Одаме, ки масалан, прототипи Холдори Чилдурӯғ бошад, нест. Аммо дар ҳаёт ба мисли ӯ шояд ҳазору даҳ ҳазор бошанд. Аз ин ҳама ман як одам сохтаам…  

Маро намефаҳманд…

Ман дар хотир надорам, ки касе маро танқид карда бошад. Чунин мунаққид вуҷуд надорад. Барои он ки маро хонаду таҳлил кунад, лоақал ними мутолаоти маро бояд дошта бошад. Азбаски инро надоранд ҷуръат намекунанд, ки ба асарҳои ман рӯ оранд. Дар бораи асари ман хеле кам менависанд, дурусттар аст, ки гӯем, умуман наменависанд. Махсусан, аз нақд нашудани “Шоҳаншоҳ” нигаронам. Азбаски романи нав буд ва намунааш то ин вақт дар адабиёти тоҷик набуд, барои хонандаи ман ҳам ғайриодӣ буд. Ман таърихро бо зиндагии муосир печ додам. Хонанда камтар ҳайрон шуд. Гуфтанд, оне, ки «Сармаддеҳ» менавишт, чӣ тур ба роман даст зад? Азбаски чизи нав буд, мунаққидон ҳам тӯриданд. То ба ҳол тақризе нест…

Пушаймонам…

Аслан аз сарнавиштии нависандагии хеш хеле пушаймон ҳастам. Чаро? Дар даври ҳозира дар Тоҷикистон хонанда нест. Солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ як китоб дар Маскав ба теъдоди 1 миллион нашр мешуд, дар мо то 100 ҳазор. Ҳоло чӣ? 1000 нусха! Ҳамонро ҳам касе нест, ки хонад. «Садои Шарқ» ба теъдоди 40 ҳазор нусха буд. Ҳоло 1 ҳазор аст! Маълум не, ки аз ҳамин 1 ҳазор, чанд кас ихтиёрӣ обуна шудаанд. Ин нишондиҳандаи хеле муҳим аст. Тасаввур кунед, аз 40 нафар 1 хонанда мондааст. Ба гумон аст, ки дар оянда хонанда монад. Ман аз ин метарсам. Маркес дар як мусоҳибааш нақл мекунад, ки боре дар озмуни ҳикояи Амрикои Лотинӣ пирӯз омад ва ба ҳаққи қаламе, ки ба даст овард, ду сол зиста, романи «Сад соли танҳоӣ»-ро навишт. Тасаввур кунед: ба як ҳикоя 2 сол зиндагӣ кард. Акнун дар Тоҷикистон. Ҳаққи қалами як ҳикоя ду ҳафта он тараф истад, барои ду рӯз намерасад. Ба як рӯз ҳам. Хеле ночиз аст. Умуман, дар Тоҷикистон бо ҳаққи қалам зиста намешавад. Ман кор мекунам, маошам нӯг ба нӯг мешавад. Зиндагии шоҳона надорам, миёна ҳам надорам, як зиндагии ночорӣ дорам. Аз ин қаноатманд ҳам ҳастам. Худо аз ин бад накунад…

Талоқ ба “духтари раз”

Як муддат ман шароб зиёд нӯшидам. Хуб, инро пинҳон намедорам, чун ин ҳам як бахши ҳаёти ман аст. Аммо баъзан овозаҳо бештар аз асли воқеиятанд. Ҳатто аз Фаронса як тарҷумон дорем бо номи Стефан Друюне. Омад ва гуфт, бо ҳам мулоқот кунем. Мо дар ошхонаи Иттифоқ мулоқот кардем, қаҳва нӯшидем ва дар ҷараёни суҳбат зимнан гуфт, ки Баҳманёр, дар Фаронса овоза ҳаст, ки ту зиёд шароб менӯшӣ. Ин гуна овозаҳо вуҷуд доранд, ҳарчанд воқеият ба ин ҳад нест. Солҳои охир наменӯшам, ба “духтари раз” талоқ додам…

“Ғӯтях” чӣ тавр нобуд шуд?

Зиндагии ман якмарому дилгир аст. Тағйироте, ки дар авохир дар рӯзгори ман сурат гирифт, мусибат аст, ки бо дасти худам анҷом додам. Дар сари қаҳр романи «Ғӯтях» («Айсберг»)-ро, ки ҳанӯз дар шакли китоб чоп нашуда буд, ба партовгоҳ андохтам. Романи ман аз 237 саҳифа иборат буд ва дар даҳ соли охир навишта шудааст. Ман мисли падаре ҳастам, ки  фарзанди худро бо дастони худаш нобуд кардааст. Вақте ба худ омадам,  «Ғӯтях» ба ёд расид. Ба тарафи партовгоҳ шитофтам, вале ба ҷуз аз чанд варақи дарида ва олуда чизи дигареро наёфтам…

Аз сабаби оне ки ман романҳоямро асосан дар мошинкаи чопии сохти шӯравӣ як нусха чоп карда ва баъдан бо қалам таҳрир мекунам, нусхаи дигарро надорам.  Бо ин роман ман мехостам, баъзе аз масъалаҳои иҷтимоии мардуми тоҷикро аз чашми бегонаҳо нишон диҳам. Барои мисол, як марде аз соҳили Балтик бо номи Янис ба Самарқанд меояд ва аз он ҷо ба Панҷакент мегузарад. Сипас, ба деҳаи хаёлии “Сармаддеҳ” меояд. Янис паҳлуҳои ахлоқии мардуми моро дар хотироташ сабт мекунад, ки тоҷикҳо бо он зиндагӣ мекунанд, вале ҷолиб буданро мушоҳида намекунанд. Масалан, ҷанҷоли занони тоҷик, ки вақте хархаша мекунанд, ҳатто сурини худро ба якдигар нишон дода, дашному ҳақорат мекунанд, вале баъди чанд лаҳза гирди дастархон нишаста, боз суҳбат мекунанд…

Ба ҷои се нуқта

Ман агарчӣ дар зиндагӣ муваффақ нашудам, вале гумон мекунам, дар адабиёт муваффақ шудам… Ман меравам, вале “Сармаддеҳ” мемонад…

Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *