Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Азизбек баъд аз латукуб гардиданаш дар беморхона ба ҳалокат расид

Рӯзи 31- уми июл дар рӯзи Иди Қурбон дар деҳаи Ёвони ҷамоъати Урметани ноҳияи Айнӣ миёни як зумра ҷавонони деҳа задухӯрд бо сангу чӯбу лагад сурат гирифтааст, ки дар натиҷа сокини ин деҳа Раҷабов Азизбек аз сар ва баданаш сахт ҷароҳат бардошта имрӯз 3-юми август дар беморхонаи шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расид.

Дар мавриди сахт латукӯб шудани Раҷабов Азизбек ва дар ҳолати беҳуши қарор доштанаш қоблан сомонаи “Pressa.tj”  иттило дода буд. Бад аз гузашти чанд соат манбаъи огоҳи сомона хабар дод, ки худи ҳозир Азизбеки 18-сола даргузашт.

Тавре қаблан низ хабар дода будем, бародари Азизбек, Хуршед Раҷабов ба “Pressa.tj” дар иртибот шуда гуфт, ки бародарашро ҷиянони мулло Эшони Амирхон ва хешу табори ӯ, ки дар деҳа одамони бонуфуз ба ҳисоб мераванд, мавриди лату кӯб қарор додаанд. Ба иттилои манбаъ вақтҳои охир ҳамеша дар деҳаи Ёвон баҳсу мунозираҳо ва ҳақорат миёни хешу табори эшон ва мардуми деҳаи Ревади ҳамсоя сурат мегирад.

Мардумоне, ки аз сабаби зиччии аҳолӣ аз деҳаи Ревади боло ба Ёвон омада зиндагӣ мекунанд, мардуми таҳҷоии деҳаи Ёвон онҳоро чашми дидан надоранд аз ҷумла пайвандони Эшони Амирхон бо мардуми аз ҳамсоядеҳа кӯчбастава муносибати хуб надошта, онҳоро ҳамеша мевриди таҳқиру ҳақорат ва аксар вақт мавриди латукуб қарор медиҳанд. Дар натиҷаи ин ҳама тафриқабозӣ ва маҳалгароӣ байни сокинони деҳа буда, оқибат як ҷони ҷавонро аз ҳаёт маҳрум кард.

Бародари марҳум Хуршед қаблан ба “Pressa.tj”  хабар дода буд, ки ҳоло бародараш аз сабаби ба сараш зарбаи зиёд хурдан ба хунравии мағзи гирифтор шуда дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Хуршед бо гиря афзуд, ки зинда мондани бародарашро худо медонад, аммо табибон тамоми имкониятро истифода бурда истодаанд, ки беморро ба ҳаёт баргардонанд.

Ба гуфтаи Хуршед бародараш инсони бисёр оромтабиат ва шармгин буд. :Ӯ ҳеҷгоҳ ҷангу ҷанҷолро дуст намедошт. Намедонам бо кадом асос ӯро лутукуб намудаанд” Афзуд Хуршед.

Мутаъсифона баъди чанд сот баъ аз суҳбат бо бародари Азизбек дубора хабари маргашро шунидем.

Ба иттилои наздикони Азизбек ӯ чанд рӯз пеш тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дохил шуда буд ва мебоист рӯзи 3-уми август ҳуҷатҳояшро ба ин донишгоҳ месупорид.  

Падару Модари ин ҷавон аз Вазорати Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи корҳои дохилӣ дар н. Айнӣ даъват ба амал меоранд, ки мушкилоти ба сари фарзандашон омадаро одилона тафтиш намоянд

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.