Азизбекро дар муноқишаи гуруҳӣ чунон заданд, ки ҳаёташ зери суол монд

Рӯзи 31- уми июл дар рӯзи Иди Қурбон дар деҳаи Ёвони ҷамоъати Урметани ноҳияи Айнӣ миёни як зумра ҷавонони деҳа задухӯрд бо сангу чӯбу лагад сурат гирифтааст, ки дар натиҷа сокини ин деҳа Раҷабов Азизбек аз сар ва баданаш сахт ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Панҷакент бистарӣ гардидааст.

Тавре як менбаи огоҳ аз ин занозани ба “Pressa.tj” аз деҳаи Ёвон хабар дод, дар ин муноқишаи гурӯҳӣ ду навҷавони дигар низ осеб дидаанд, аммо табибон ҳолати онҳоро хуб маънидод мекунанд. Бародари Азизбек, Хуршед Раҷабов ба “Pressa.tj” гуфт, ки бародарашро ҷиянони мулло Эшони Амирхон ва хешу табори ӯ, ки дар деҳа одамони бонуфуз ба ҳисоб мераванд, мавриди лату кӯб қарор додаанд. Ба иттилои манбаъ вақтҳои охир ҳамеша дар деҳаи Ёвон баҳсу мунозираҳо ва ҳақорат миёни хешу табори эшон ва мардуми деҳаи Ревади ҳамсоя сурат мегирад. Яъне мардумоне, ки аз сабаби зиччии аҳолӣ аз деҳаи Ревади боло ба Ёвон омада зиндагӣ мекунанд, мардуми таҳҷоии деҳаи Ёвон онҳоро чашми дидан надоранд ва дар натиҷа тафриқабозӣ ва маҳалгароӣ байнашон ҳамеша занозаниву ҳақоратгӯи сурат мегирад.

Тавре Хуршед мегӯяд бо кадом сабаби номаълум кормандони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ аз ҳал ва тафтиши ин парвандаи ҷиноӣ бетарафӣ ва беаҳамиятӣ карда, худи ҳамон рӯз масъулони ҷинояти мазкурро боздошт накарданд.

Ба гуфтаи Хуршед ҳоло бародараш аз сабаби ба сараш зарбаи зиёд хурдан ба хунравии мағзи гирифтор шуда дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Хуршед бо гиря афзуд, ки зинда мондани бародарашро худо медонад, аммо табибон тамоми имкониятро истифода бурда истодаанд, ки беморро ба ҳаёт баргардонанд.

Ба иттилои наздикони Азизбек ӯ чанд рӯз пеш тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дохил шуда буд ва мебоист рӯзи 3-уми август ҳуҷатҳояшро ба ин донишгоҳ месупорид.  

Падару Модари ин ҷавон аз Вазорати Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи корҳои дохилӣ дар н. Айнӣ даъват ба амал меоранд, ки мушкилоти ба сари фарзандашон омадаро одилона тафтиш намоянд.

Азизбек қабл аз маҷруҳӣ
Азизбек дар ҳолатӣ беҳушӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *