Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Азиззода иҷрокунандаи раиси ноҳияи Масчоҳ таъин гардид

Рӯзи 15 январ дар мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Тавре манбаъ хабар медиҳа раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси пешинаи ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода барои фаъолияти пурсамараш изҳори сипос намуда, ба Тоҳир Азиззода барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Ҳамчунин Раиси вилоят дар назди роҳбарияти ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта, изҳори боварӣ намуд, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Ёдовар шудан ба маврид аст ки аз 13 январи соли 2020 бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд  Тоҳир Азиззода таъин карда шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj