Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қазоқистону Тоҷикистон расман шарики стратегӣ шуданд

 Сенати Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта аҳдномаи шарикии стратегиро бо Тоҷикистон тасвиб кард. 

Дафтари матбуоти Сенати Қазоқистон бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, ин аҳднома ҳарду тарафро муваззаф мекунад, аз истифодаи таҳдиду зӯрӣ алайҳи якдигар худдорӣ карда, бо ҷониби севум, ки ба амнияту қаламрав ва истиқлолашон таҳдид дорад, шартномаи ҳамкорӣ имзо накунанд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ ҳангоми тасвиби ин тарҳ гуфтааст, ки аҳдномаи шарикии стратегӣ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.

Порлумони Тоҷикистон хеле барвақттар, моҳи декабри соли гузашта ин санадро баррасӣ ва тасвиб намуда буд. Низомидин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, ҳангоми муаррифии тарҳи аҳднома дар порлумон гуфт, ин санад аз 13 модда иборат аст ва мавзӯи «таъмину таҳкими амнияти миллӣ, сулҳу субот, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ, рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ»-ро дар бар мегирад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.