Аъзои нави ҳукумати «Толибон» аз Панҷшеру Сарипул

«Толибон» аз тағйироти кадрии ҷадид дар ҳукумати нави Афғонистон хабар додаст. Аз ҷумла ду вазири нав ва муовинон таъйин шудаанд

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гуруҳи мамнӯъ иттилоъ додааст, ки Нуриддин Азизӣ, соҳибкор аз вилояти Панҷшер ба ҳайси вазири тиҷорат дар ҳукумати нави Афғонистон таъйин шудааст.

Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Ҳоҷӣ Муҳаммад Башир, сокини вилояти Бағлон, ба ҳайси муовини вазири тиҷорат таъйин гардидааст.

Соҳибкори дигар Ҳоҷӣ Муҳаммад Азим Султонзода, сокини вилояти Сарипул, мақоми муовини дуввуми вазири тиҷоратро гирифтааст.

«Толибон»* — афзудаанд, ки доктор Қаландар Ибод ба мақоми вазири тандурустӣ таъйин шудааст. Абдулбоқӣ Умар мақоми муовини аввали вазири тандурустӣ ва доктор Муҳаммад Ҳасан Ғиасӣ ҳамчун муовини дуввуми вазири тандурустӣ таъйин шудаанд.

Қаблан эълон шуд, ки ба мақоми роҳбари олии Афғонистон – раиси “Толибон”* Ҳибатуллоҳ Охундзода интихоб шудааст.

Ба мақоми сарвазир – мулло Муҳаммад Ҳасан, ба ҳайси ноиби аввали сарвазир – мулло Абдулғанӣ Бародар, ноиби дуюми сарвазир — мавлавӣ Абдуссалом Ҳанафӣ таъйин гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *