Бӯи ғуломӣ. Набояд ақлкушиву чоҳафканӣ кунем!

Дар симои Абдурозиқи кӯчак набояд “Одина”-и Арбобкамолро дид. Дар симои Абдурозиқи кӯчак набояд ғулому “хиёнаткор”, “ватанфурӯш”, “кидатчик”… ва ҳоказоро дид. Балки дар симои ӯ ифтихор бояд кард, ки бо ин синну соли кӯчак ва ақл ҳунару шуҳраташро фаротар аз Ватан бурд.

Матлабро ин ҷо шунавед

Баъд аз  шеваи муносибати мо – мардуми тоҷик ба  Абдурозиқ дарк кардам, ки  то кунун бӯйи ғуломӣ аз димоғи мо нарафтааст. Мехоҳем, ки ҳар кадоме ғуломи якдигар бошем.

 Имрӯз аз занакои лаби об сар карда, то намояндагони аҳли зиёи кишвар  дар атрофи Абдурозиқ ва ҷудоии ӯ бо Барон ном репер ҳарф мезананд. Дар миён ҳастанд онҳое, ки суханро ба тарозуи ақл баркашида мегӯянд, аммо бархеи дигар даҳони пур аз носу об ва бефаровез ба Абдурозиқ санги маломат мезананд. “Ватанфурӯш”, “кидатчик”, “хиёнаткор”, “номард” ва монанди ин калимаҳо шабакаҳои иҷтимоии моро лабрез кардаанд.

Аҷиб, як тоҷик берун аз ватанаш шуҳрату маҳбубият пайдо кунад, магар бад аст? Рости гап, то ин баҳсҳо на ба Абдурозиқ таваҷҷуҳ доштаму на Баронро ҳамчун репер мешинохтам. Бештари дигарон  низ чун мананд. Вақте ки Барон бо Абдурозиқ пайваст, дар саҳнаи тоҷику берун, ба монанди Маскаву Дубай роҳ пайдо кард, ӯро омма баъд шинохт. Ин ҳам пайи қадами Абдурозиқ буд. Ман ҳам дар ин замон Баронро ҳамчун репери тоҷик шинохтам, на чун мухлис.

Барои ман Абдурозиқ на хеш аст, на ошно. Танҳо  як ҳаммеҳанам аст. Ин бароям мояи фахр аст, ки як зодаи Тоҷикистон, ки  аслан маълумоти олии мусиқӣ надорад, вале истеъдоди Худодод дорад. Мегӯянд, ки ба Худододагон ситеза макун, ки ба онҳо Худо додааст. Роҳи Абдурозиқро  низ Парвардигор боз кард, на каси дигар. 

Дуруст, ки Барон барои Абдурозиқ хизмат кард.  Ӯро  аз як рустои дурдаст ба пойтахт овард, барояш барои ворид шудан ба саҳна роҳ боз кард. Инро ҳама медонанд. Аммо Барон инро ба назарам, аз як тараф агар барои савоб карда бошад, аз ҷониби дигар бо мақсади ба даст овардани даромад. Ҳама медонанд, ки дар ютуб, инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ягон кас хушкухолӣ кор намекунад. Ин ҷо пули калон гардиш мекунад. Барон инро дониста, ба дари Абдурозиқ рафта буд. Зеро  медонист, ки  ӯ соҳибистеъдод аст. Ва метавон тавассути ӯ шуҳратёр гашт.  Агар Абдурозиқ беҳунару беистеъдод мебуд, Барон ҳеҷ гоҳ ба суроғи ӯ намеомад.  Мо бар ин ҳастем, ки ин ду ҳар кадоме  якдигарро дар ин ҷода  пурра карданд.

Имрӯз тафаккури шахшуда ва ғуломии мо то андозае расидааст, ки акнун Абдурозиқро чун “Одина” — и Арбобкамол як умр ғуломи Барон -рэпер дидан мехоҳем.  Боз на ғуломи озод, гарданбаста!

Ба наздикӣ суҳбати журналист Гордонро бо писараш Дмитрий тамошо кардам. Писараш ҳамчун бастакор дар Амрикову Аврупо шуҳрат дорад. Ӯ ҳам дар ватани худаш зиндагӣ намекунад, вале ифтихор аз миллати худ мекунад.  Абдурозиқ низ ҳамчун тоҷик, ки дар Дубай ё кадом шаҳри дигар аст, аз Тоҷикистон ифтихор дорад. Мо низ бо ӯ ифтихор дошта бошем. Набояд ақлкушиву чоҳафканӣ кунем!

Усмон Раҳимзода,

журналист

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.