Баҳси гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо боз доғ шуд

Баланд шудани нархи чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия дигарбора дар сархати хабарҳои расонаҳо пайдо гардид.

Рӯ ба афзоиш ниҳодани нархи чиптаи ҳавопаймо дар ҳолест, ки ба гуфтаи савдогарон ва муштариён, ҳафтаи пеш арзиши парвоз аз Душанбе ба Маскав 3-3,5 ҳазор сомонӣ буд, аммо ҳоло то 5-6 ҳазор сомонӣ расидааст.

Баланд шудани роҳкиро ба самти Русия барои муҳоҷирон ва онҳое, ки ба ин кишвар равуо доранд, мушкили зиёдро метавонад ба бор орад.

Гуфта мешавад, ки то ҳол Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон далели расмии афзоиши нархи билетҳоро шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймоҳои «Ют Эйр», «Уралские авиалинии», «Сибир», «Ямал»-и Русия ва «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон иҷозаи парвоз байни ду кишварро доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.