Ба ҳалокат расонидани модарандар ва куштори марди 39 сола дар Гипрозем

Як ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд, хабар медиҳад ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ номбурда, рӯзи 7-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 14:00, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо модарандараш зани 31-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба пушташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст. 

Гуфта мешавад, ки номбурда, санаи 6-уми майи соли 2020, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хонақои шаҳри Ҳисор ҷангу ҷанҷол карда бо корд ба узвҳои баданаш якчанд маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона тахминан соати 23:00, ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *