Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ба ҷойи зам кам карданд: Чанд шикастурехти як хоҷагӣ дар Хатлон (Аксҳо)

Аз 50 ҳазор сар чорвои хоҷагии зотпарварии “Машъал”-и ноҳияи Вахш имрӯз танҳо 500 сари он боқӣ мондаасту халос. Сабаби кам шудани саршумори чорворо масъулини хоҷагӣ ба хунукназарии роҳбарони вақт марбут медонанд.

Раиси хоҷагӣ чӣ мегӯяд?

Абдулло Худоназаров, раиси хоҷагии зотпарварии “Машъал”, гуфт, ки хоҷагӣ ҳанӯз соли 1956 ташкил шуда, то соли 1990 саршумори чорво 50 ҳазорро ташкил мекард.

“Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳамагӣ 27 ҳазор сар чорво боқӣ монд. Бо гузашти солҳо ва иваз шудани роҳбарон шумораи мол оҳиста-оҳиста коҳиш ёфт ва соли 2011 ба 800 сар расид. Соли 2012 аз ноҳияи Панҷ 500 сар мол овардем. То соли 2014 саршумори чорво ба беш аз 4 ҳазору 500 сар расонида шуд. Мутаассифона, роҳбари вақти хоҷагӣ бо баҳонаи пардохти андоз ҳамагӣ дар ҳашт моҳ якбора 800 моли наслдеҳро фурӯхт. Бо фурӯхта шудани моли наслдеҳ зиёд кардани чорво тамоман имкон надорад. Баробари иваз кардани роҳбари хоҷагии зотпарварии “Машъал” бо заҳмати роҳбарият саршумори чорво то соли 2016 ба 3 ҳазору 300 сар расонида шуд”, — илова кард ӯ.

Ба гуфти Абдулло Худоназаров, он роҳбари хоҷагӣ дар зери фишори раиси собиқи ноҳия чорворо ба фурӯш баровардааст. Ҳоло хоҷагӣ бинобар тангдастии молиявӣ имкони зиёд кардани саршумори чорворо надорад.

Чарогоҳҳо ҳам аз даст рафтанд?

– Ба ҷуз ин 300 гектар замини корами обии хоҷагии мо ба мардум ҳамчун қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонӣ тақсим карда дода шуд, — мегӯяд А. Худоназаров. — Ҳоло замини корами обӣ надорем. Солҳои пеш дар ин заминҳо пахта, шолӣ ва дигар зироат кишт мешуд, ки барои хоҷагӣ фоидаовар буд. Аз ҳисоби ҳамин заминҳо эҳтиёҷоти хоҷагӣ пурра таъмин мегардиду чорво фурӯхта намешуд. Аз 56 ҳазор гектар замини лалмӣ ҳам ҳамагӣ 1,5 ҳазор гектар боқӣ монду халос. Имрӯз бо фурӯхтани мол хӯроки чорво харидорӣ карда, захира менамоем. Дар ноҳияи Сангвор 12 ҳазор гектар чарогоҳ доштем. Бурдани чорво ба он минтақа барои мо бисёр қулай буд. Он заминҳо низ аз хоҷагии мо гирифта шуданд. Акнун маҷбурем барои бурдани чорво ба чарогоҳҳо ба хоҷагии ҷангал маблағ пардохт намоем.

Аммо Мирзоалӣ Раҷабализода, сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш, гуфт, дар умум дар минтақаи Рашт 66 ҳазору 161 гектар чарогоҳи мавсимӣ доранд. Дар масъалаи ба каси дигар додан ё вобаста кардани чарогоҳҳо ҳамсуҳбати мо маълумоти дақиқ дода натавонист.

Техникаҳоро ҳам фурӯхтанд?

Ба гуфти Абдулло Худоназаров, хоҷагии зотпарварии “Машъал” аз надоштани техника низ танқисӣ мекашад. “Хоҷагӣ 35 техника дошт. Имрӯз ягон техника намондааст. Ҳамаро роҳбарони пешин фурӯхтанд! Ҳоло барои чанд соат киро кардани як техника маблағи зиёд лозим аст…”, — мегӯяд ӯ.

Бинои маъмурии хоҷагии мазкур дар ҳолати ногувор қарор дошта, ба гуфти масъулин, даҳсолаҳои охир рӯи таъмири куллиро надидааст. Вале бинобар вазъи ногувори иқтисодӣ хоҷагӣ имрӯзҳо низ онро таъмир карда наметавонад.

Ба доди “Машъал” бирасед!

Бо дуруст ба роҳ мондани кори хоҷагиҳои чорводорӣ талаботи бозори истеъмолии мамлакатро бо гӯшт ва маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза сари вақт қонеъ кардан мумкин аст. Ин яке аз василаҳои муҳим барои расидан ба амнияти озуқавории кишвар унвон мешавад.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки дар ноҳияи Вахш, дар мисоли хоҷагии зотпарварии “Машъал”, масъулин ба ин масъала, аз пушти пардаи ғафси манфиатҳо нигаристаанд. Ин вазъро аксуламали дурусти мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла, мутасаддиёни Вазорати кишоварзӣ ба эътидол оварда метавонад.  

Машраби Аловиддин,

 “Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Хасан 13.01.2020 19:07

    3 руз шуд дар нохияи Синои Душанбе об кам омада истодааст, водаканал мегуяд напори оба баланд мебардорем, лекин холиям набардоштиянд аз тобистон то хол бори 100 ум аст ин ахвол мешавад

  2. Рахш 16.01.2020 09:48

    Ин хоҷагӣ солҳои даврони Шӯравӣ зиёда аз 1000 сар асп дошт мутаассифона ҳоло ягон саршумор намондааст.
    Заводи асппарварии «Куқтош» и н. Рӯдакӣ то ҷое ман хабар дорам ягон сар асп дар ин хоҷагӣ намондааст, ки ин сарчашмаи пайдоиши аспҳои зоти тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Ин роҳбарон ба насли оянда чи боқӣ мемона бошанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.