Ба қотили Ҷорҷ Флойд 40 соли зиндон таҳдид мекунад

Дерек Чаувин, полисе, ки ҳангоми боздошт зонуяшро ба гулӯи марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд гузошта, ӯро ба ҳалокат расонида буд, эҳтимол 40 сол равонаи зиндон гардад.

Дерек Чаувин, ки пештар бо айби куштори ғайриамдӣ ва дараҷаи севум ба ҳабс гирифта шуда буд, дар куштори дараҷаи дувум низ айбдор мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба ҳабси се корманди дигари пулисе амр шудааст, ки бо Чаувин дар раванди боздошти Флойд иштирок доштанд. Ҷей-Александр Куенг, Томас Лейн ва Ту Тао дар ҳамдастӣ ва таҳрик ба ҷиноят айбдор мешаванд.

Бояд гуфт, ки Флойди 46-сола пас аз боздошт зуд ба беморхона интиқол ёфта, 25 май ҷон бохт. Видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад Флойд бо дастони баста дар замин хобида, маъмури пулис зонуяшро ба гулӯи ӯ мондааст. Вай чанд бор мегӯяд, ки нафаскашияш мушкил шудааст ва ӯро раҳо кунанд.

Марги Флойд дар Миннеаполис боиси сар задани бетартибиҳои оммавӣ дар тамоми минтақаҳои Амрико шуд. Мақомот маҷбур шуданд, барои таъмини тартибот Горди миллиро низ сафарбар кунанд. Ҳоло тақрибан дар 40 шаҳр, бо шумули Вашингтон ва Ню-Йорк соати комендантӣ ҷорӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *