Ба муҳоҷирони тоҷик иҷозаи вуруд ба Ӯзбекистонро надоданд

Бо паҳн шудани коронавирус тайи ду рӯз аст, ки даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармондаанд. Онҳо мегӯянд, мо аз баста будани марзи Ӯзбекистон тамоман хабардор набудем.         

Ба гуфти Исматулло, як шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо иҷозат дода намешавад, то ба Ӯзбекистон ворид шаванд ва тавассути ин кишвар ба Тоҷикистон бирасанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 15 рӯз карантин эълон карда, марзҳояшро бастааст ва мо наметавонем ба роҳамон идома бидиҳем, гуфт ӯ. Ҳоло дар гузаргоҳи Черявка (Қазоқистон) Ғишт Купурук (Ӯзбекистон) интизор ҳастем, то ба мо барои ворид шудан ба Ӯзбекистон иҷозат бидиҳанд.

—Танҳо ба шарвандони Ӯзбекистон иҷозаи вуруд ба ин кишвар медиҳанду халос. Мо имкони ба қафо баргаштанро ҳам надорем. Марзҳои Русияро низ барои шаҳрвандони дигар кишвар бастаанд. Агар шаҳрванди Русия бошӣ, барои ворид шудан ба ин кишвар иҷозат медиҳанд. Миёни муҳоҷирони дармонда, занон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, то ҳол аз сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба мо ягон кӯмак нашудааст. Мо умедворем, ки кормандони сафорати кишвар дар Қазоқистон ба мушкили мо расидагӣ мекунанд. Аллакай қиммати маҳсулоти хӯрока дар ошхона ва мағозаҳои фурӯши хурокворӣ ба ҳадде боло бардошта шудааст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *