Ба тими «Хуҷанд» тӯби «Telstar» туҳфа карданд

Сафири Покистон Имрон Ҳайдар ба клуби футболи «Хуҷанд» ташриф овард ва бо директори клуби футболи «Хуҷанд» Муродҷон Умаров мулоқот намуд.

Сафир ба клуб тӯбҳои футболи Telstar истеҳсоли Покистонро тақдим кард. Тӯбҳои футболи Telstar аз ҷониби як ширкати покистонии Forward Sports дар Сиялкоти Покистон истеҳсол карда мешаванд ва дар ҷараёни охирини Ҷоми Ҷаҳонии ФИФА-2018 дар Русия истифода шудаанд. Дар ҷараёни мулоқот сафир ба соҳаи варзиши кишвараш сухан гуфт ва таъкид кард, ки тӯбҳои футболи «Made in Pakistan» дар ҳама лигаҳои пешрафтаи футболи ҷаҳон истифода мешаванд.

Директори ФК Хуҷанд ба сифати тубхои «Made in Pakistan» баҳои баланд дод ва изҳори намуд, ки онҳоро дар клуби ФК Хуҷанд истифода хоҳанд бурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *