Бадахшон: Дари мағозаҳои арақфурӯшӣ баста шуд

Мутахассисони Раёсати«Тоҷикстандарт» дарВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми се рӯзи санҷиш фурӯши машруботи спиртиро дар шаш мағозаишаҳри Хоруғ манъ карданд.
Сардори шуъбаи раёсати мазкур ЗафарМирзонаботов гуфт, ки «дар назди баъзе аз ин дӯконҳо биноҳои нави кӯдакистонҳо сохта шудаанд ва бо қарори раиси шаҳр фаъолияти инфурӯшгоҳҳо муваққатан боздошта шуд. Зеродар бораи манъи фурӯши машруботи спиртӣ дар назди кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимӣ, варзишгоҳҳо қарори ҳукумати кишвар низ ба тасвиб расида буд.Раёсати «Тоҷикстандарт» чандбор ба мудирони ин мағозаҳо огоҳнома фиристонд, аммо онҳо огоҳномаҳоро баназари эътибор нагирифтанд. Аз ин рӯ маҳсулоташон мусодира карда шуда, дари дӯконҳояшон баста шуд. Баъзе аз мағозаҳо агарчӣ иҷозатномаи махсус барои фурӯши арақ доштанд, аммо санҷиш нишон дод, ки як қисми шишаҳои арақ худсохт буда, ба талаботистандартӣ ҷавобгӯ нестанд ва ба саломатии инсон зарариҷиддӣ мерасонанд».
Мутахассисони раёсати мазкур ҳангомисанҷиш зиёда аз 900 шишаи арақро дарозмоишгоҳ мавриди таҳқиқ қарор дода, муайян намуданд, ки дар дохили инмашруботи спиртӣ моддаҳои хатарноки ба ҷисми инсон зараровар вуҷуд доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *