Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Баъди ифшои ҷиноят марди апакуш худро овехт

Як марди 39-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ баъди фош гаштани кирдори ҷиноятиаш, ки апаи худро кушта буд даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бара ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ номбурда санаи 20-уми ноябри соли 2018, тахминан соатҳои 18 ба 19:00, апааш зани 44-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки дар хонаи ӯ дар меҳмонӣ қарор дошт, аз сабаби муноқишаи оилавӣ зери лату кӯб қарор дода, ба ҳалокат расонидааст.
Баъдан, заминро канда, ҷасади апаашро дар анҷомхонаи ҳавлии истиқоматиаш зери хок пинҳон намудааст. Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони санаи 8-уми апрели соли 2020, ҷасади марҳум аз таги хок дарёфт карда шуд.

Гумонбаршаванда баъди ифшо гаштани ҷинояти одамкушиаш даст ба худкушӣ зада, санаи 1-уми апрели соли 2020, дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолият, дар симчӯби байни заминҳо худро ба дор овехта, ба ҳалокат расонидаас  

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.