Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бахтигул Карриева: Таҷрибаи табибони Суғд ба ҷаҳониён пешниҳод шуд

Бахтигул Карриева, роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз фаъолияти табибони вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ кардааст. Ӯ дар суҳбати рӯ ба рӯ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки таҷриба ва коргузории кормандони муасссисаҳои тиббии вилояти Суғд ҳамчун намуна барои дигар кишварҳо пешниҳод шудааст.

“Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самараддин Ализодаро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни вазъи эпидемиологӣ ва тадбирандешиҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 мубодилаи афкор намуданд. Раиси вилоят вобаста ба фаъолияти Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории сирояти коронавируси COVID-19 маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри пешгирии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст. Дар вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ зери назорат қарор дошта, ҷиҳати пешгирии беморӣ мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад”, -иттилоъ дод дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Раиси вилоят ҳамзамон барои фиристодани табибон ба вилоят аз кишварҳои хориҷӣ ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳор сипос намуд.

Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева дар навбати худ аз тарзи фаъолияти табибони вилоят изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки таҷриба ва коргузории кормандони муасссисаҳои тиббии вилояти Суғд ҳамчун намуна барои дигар кишварҳо пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳад шуд, ки барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии пандемия мусоидат менамояд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj