Бахтиёр Қутбиддин рисолаи докторияшро дифоъ кард

24 июн Бахтиёр Қутбиддин (Қутбиддинов Абдумуъмин Ҳошимович), декани факултети журналистикаи ДМТ бо ҷонибдории 14 нафар ҳайати комиссия рисолаи докторияшро дифоъ намуд.

Гуфта мешавад, ки ҳимояи рисолаи доктории Абдумуъмин Қутбиддинов дар ҳолест ки аъзои комиссия ҳамагӣ ризоияти худро барои дифоъ дода, дар миёни онҳо нафаре бетараф ва ё зид набуд.

Абдумуъмин Қутбиддинов бо мушовирии академик Муҳаммадюсуф Имомзода Сайдалӣ рисолаи докторияшро дар мавзӯи «Хусусиятҳои мундариҷавию жанрии публитсистикаи бадеии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон (дар мисоли нашрияҳои «Шаҳриёр» ва «Набзи Файзобод»)» ҳимоя кард.

Дар ҳоли ҳозир Бахтиёр Қутбиддин  яке аз беҳтарин донандагони публитсистика буда, солҳои зиёд аст, ки  дар шинохти ин соҳа кори илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *