Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Балҷувон.Мактабро ғор “фурӯ” мебарад! (аксҳо)

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон»-и ноҳияи Балҷувон дар як ҳолати валангор қарор дорад. Дар ин бора як нафар корбари шабакаи «Фейсбук» бо номи Шобудин Бадалов, ки истиқоматкунандаи ин деҳа аст, изҳори нигронӣ мекунад.

Номбурда менависад: “Дар мактаби мазкур 300 хонанда солҳост дар чунин шароити вазни ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо фаро расидани зимистон ва боридани барф мушкилоти таълимгирандагони ин муассиса боз ҳам сангинтар мешавад.

Мизу курсӣ, тахтаи синф, дару тиреза ва фаршҳои мактаб ҳама куҳнаю фарсудаанд. Бар замми ин мушкилот, дар назди бинои муассиса як ғор воқеъ аст, ки рӯз аз рӯз ба мактаб наздик шуда истодааст. Ба ҳисоби тахминии мо, мактаб аз ғор ҳамагӣ 5 метр дур асту халос. Бояд барои ҳалли вазъи мазкур Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран тадбир андешанд. Зеро зимистон дар кӯҳистон тӯлониву сардиҳои бештар дорад ва шароити таълим дар ин муассиса ба ягон талабот ҷавобгӯ нест.”

Аксҳое, ки Шобудин Бадалов пешниҳод мекунад, далели ин гуфтаҳо ҳастанд. Воқеан, кас ҳолати ин мактабро дида бовар намекунад, ки дар ҳамин давру замон дар чунин шароит таҳсил кардан имкон дошта бошад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.