Бангдона аз сарҳад нагузашт

Дар асоси маълумоти фаврӣ 22 октябри соли равон кормандони раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар минтақаи тобеи дидбонгоҳи сарҳадии «Сипар»-и Отряди сарҳадии «Панҷ», убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо кормандони КДАМ ва сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, задухӯрди мусаллаҳона мекунанд.
Баъд аз фирори қочоқчиён ба тарафи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз ҷои ҳодиса 15 кг маводи мухаддири бангдона, як адад яроқи оташфишони АКМ 47, тирдон бо 56 адад тир, воситаи алоқа (ратсия) дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳоло аз тарафи кормандони РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *