Барқияи тасалияти Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев дар робита ба коронавирус гирифтор шуданаш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар робита ба каронавирус гирифтор шуданаш барқия ирсол намуд.

Дар барқия чунин омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам.

Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳамаҷонибаи ин ҷонибро иброз намоям.

Сидқан ба Шумо шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ таманно дорам.

Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *