Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Барқи Тоҷик” ва муштариён: Чаро тавозуни масъулият вуҷуд надорад?

Бо ҷорӣ шудани маҳдудият дар таъмини аҳолӣ бо барқ дар моҳи гузашта номи Ширкати “Барқи Тоҷик” аз нав вирди забонҳо шуд.

Бо ҷорӣ шудани маҳдудият дар  таъмини аҳолӣ бо неруи барқ дар моҳи гузашта  номи Ширкати “Барқи Тоҷик” аз нав вирди забонҳо шуд.  Масъулони ширкати мазкур дар суҳбат ба журналистон ҷорӣ шудани маҳдудияти неруи барқро дар манотиқи кишвар тасдиқ карданд, вале гуфтаанд, ин маҳдудият муваққатӣ аст ва ба захира кардани об барои «Роғун» ҳеҷ рабт надорад.

Дар ширкати мазкур  таъкид карда буданд, ки  “маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар рӯзҳои наздиктар, эҳтимол бо фарорасии ҷашни Наврӯз, пурра лағв хоҳад шуд». Мутаассифона, ин ваъда иҷро нашуда ва маҳдудияти истифодаи барқ боқӣ  монд.

   Илова бар ин, чанд рӯз қабл роҳбарияти ширкати мавриди назар ба мардум муроҷиат карда, напардохтани маблағи истифодаи неруи барқро монеаи асосии рушди соҳа арзёбӣ карданд. Мардона бояд гуфт, ки ин нигаронӣ асос дорад.

Аксарият шиква аз ШСХК «Барқи Тоҷик» ва зерсохторҳои он мекунанд. Вале боре ба худ савол намедиҳанд, ки оё онҳо муштарии бовиҷдонанд ва уҳдадориҳои хешро вобаста ба пардохти саривақтии маблағи истифодаи неруи барқ ба ҷой меоранд? Муътақидам аксарият дар посухи ин суол хомуширо ихтиёр мекунанд.

Масъулияти Ширкати  “Барқи Тоҷик” чи гуна бояд бошад?

Фаъолияти ШСХК “Барқи Тоҷик” дар солҳои охир бо вуҷуди дастгириҳои Ҳукумати кишвар тамоюли беҳшавиро касб накард. Баръакс, талафоти неруи барқ ва сари вақт ҷамъоварӣ нашудани маблағи истифодаи он ҳамоно мушкилоти рақами як боқӣ монда, чунин ба назар мерасад, ки роҳбарияти ниҳод дар ҳалли онҳо оҷизанд.

Бо дарназардошти ҳолати баамаломада созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд борҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат дода буданд, ки дар ширкати мавриди назар ислоҳоти сохториро амалӣ намояд.

  Ҳарчанд талафоти барқ дар ҷумҳурӣ айни замон мутобиқи омори расмӣ 14 фоиз арзёбӣ мешавад, вале ашхоси огоҳ муътақиданд, ки ин нишондиҳанда зиёда аз 20 фоизро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси нигаронии ҷиддист.

Ба касе пӯшида нест, ки як қисмати “талафоти неруи барқ” дар заминаи дуздии он ба вуҷуд меояду бо “мусоидат”-и баъзе масъулини соҳа расман талафот ҳуҷҷатгузорӣ мешавад. Умуман, дар қисмати аъзами қонуншиканиҳои соҳа кормандони бевиҷдони “саҳми бориз” доштанду доранд.

    Мутахассисони соҳа бо шарти зикр нашудани номашон иброз доштанд, ки қисмати зиёди воситаҳои ченкунии нав ба ҷумҳурӣ вориду насб кардашуда ва пештар мавҷудбуда бидуни риояи муқаррароти қонун ва ҳуҷҷатҳои фавқуззикр, бе муҳру тамғаи санҷиши давлатӣ истифода мешаванд ва аксари зеристгоҳҳои барқӣ аз ҷиҳатӣ метрологӣ пурра бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин нестанд. Яке аз сабабҳои асосии талафоти аз ҳад зиёди неруи барқ истифодаи воситаҳои ченаки корношоям ва ба таври кофӣ таъмин набудани иншооти энергетикӣ бо воситаҳои ченаки ҳозиразамон маҳсуб мешавад. 

  Таҷрибаи байналмилалӣ низ аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз истифодаи воситаҳои ченаки корношоям метавонад сабабгори асосии тақрибан сеяк ҳиссаи талафоти неруи барқ гардад. Дар ҳоле ки оддитарин талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин ҷода риоя намешавад, пас беҳбудиро дар самти коҳиши талафоти неруи барқ умедвор шудан мантиқан нодуруст аст.

    Далер Мерганов, журналист

Шакли комили мақола дар нашрияи «Тоҷикистон» чоп мешавад

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.