Айбномаи терроризм нисбати зодаи Тоҷикистон дар Олмон

Тавре, ки Прокуратураи федералии Олмон хабар медиҳад, дирӯз ба зидди як зодаи Тоҷикистон, ки айни замон дар Олмон ба сар мебарад, бо гуноҳи терроризм айб эълон карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, зодаи Тоҷикистон Равшан Баротов бо он айбдор карда мешавад, ки ӯ суиқасди нокоме ба ҷони як соҳибкор дар Албания ба кирояи 40-ҳазор евро, қасди куштори як мунтақиди Ислом бо фармони ДОИШ ва интиқоли 1000 евро ба ҷангиёни ДОИШ дар Сурияро анҷом додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳаамаи ин айбномаҳо собит гардидаанд. Ба гуфти баъзе расонаҳо, Равшан Баротов соҳиби ду фарзанд буда, занаш литвонӣ аст. Соли сипаришуда ҳамроҳи Баротов боз 11 зодаи дигари Тоҷикистон низ дастгир шуда буданд, вале онҳоро баъдан раҳо карданд. 15 апрели соли 2020 бошад, дар чорчӯби парвандаи ин террорист боз 4 зодаи Тоҷикистон — Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатуллоҳ К. – дастгир шудаанд. Боз як ҳаммаслаки ӯ Комрон Зуҳуров дар охири моҳи апрел, дар чорчӯби ҳамин парванда дар Албания дастгир шуд ва ҳоло суди ин кишвар алакай ҳукми истирдоди ӯ ба Олмонро содир кардааст.
А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *