Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Баромади Конор дар моҳҳои наздик бо рақиби нав

Александр Волкановски барандаи камарбанди қаҳрамони UFC дар вазни сабук нақша дорад, ки бо размовари ирландӣ — Конор Макгрегор рақобат намояд, хабар медиҳад тв Варзиш.

Гуфта мешавад, ки барои ба рақобат омода шудан, размовари австралиягӣ омодааст барои худ вазни даркорӣ дарёфт кунад.

Эҳтимол аст, ки ин набарди мазкур моҳҳои наздик доир шавад. Александр Волкановски дар корномаи варзишиаш 21 рақобат доир намуда, танҳо дар 1 дидор дучори шикаст шудааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Конор бо ғолиби ҷуфти Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гейджи рӯ ба рӯ мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.