Баррасии бандарҳои баҳрии Туркманистонро барои интиқоли мол ба Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Раҳмон бо Бердимуҳаммадов пас аз вуруди раҳбари туркман ба Душанбе дар Қасри Миллат мулоқот кард.

Президентҳо рушд ва густариши муносибатҳоро дар соҳаҳои дурнамои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва боркашонӣ, аз ҷумла, истифода аз бандарҳои баҳрии Туркманистон барои интиқоли мол ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид карданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ вазъи сиёсию низомии Афғонистони ҳамсоя муҳокима карда шуд.

«Сарони ду давлат хостори ҳар чӣ зудтар бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи ин кишвари ҷангзада шуданд», — афзудааст манбаъ.

Президентҳо инчунин оид ба дигар мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай омад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *