«Базморо» ба Фестивали байналмилалии «Осиё дар рақс» меравад

Аз 27 август то 4 сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Корея Форум ва Фестивали байналмилалии «Осиё дар рақс» баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Мақсад аз баргузории фестивали мазкур- ин арҷгузорӣ ба арзишҳо ва мероси ягонаи инсоният бо роҳи намоиши рақсӣ, форумҳои байналхалқӣ ва машғулиятҳои фарҳангӣ, инчунин таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ байни кишварҳо мебошад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар Фестивали мазкур ансамблҳои рақсии Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» рақси тоҷикиро муаррифӣ мекунанд.
Ҳайати рақсиро коршиносони миллӣ оид ба мероси фарҳангӣ роҳбарӣ менамоянд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *