БДА:-“Ланкрузер ” -и духтаронро пахш карда аз Сафорати Олмон аст”

 

 

Нақлиёти дипломатие, ки дар маркази шаҳри Душанбе ду ҷавондухтари тоҷикро пахш карда буд ба Сафорати Олмон тааллуқ доштааст.

Масъулини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе гуфтанд,  ки “Ланкрузер Прадо”  бо рақами 007 DM 028 таҳти идораи шаҳрванди Олмон Рихтер Маркус ҷавондухтаронро пахш кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, яке аз ҷабрдидагон Мижгона Буттаева, сокини 17-солаи ноҳияи Ҷайҳун дар беморхона бистарӣ буда, аҳволи дуюмиро духтарон хуб арзёбӣ кардаанд.

Дар Раёсати БДА дар Душанбе мегӯянд, шаҳрванди Олмон ҳамаи хароҷотҳои табобати Мижгонаро ба уҳда гирифтааст.

Чӣ тавре, ки қаблан хабар дода будем, ҳодисаи пахши ду ҷавондухтар дар назди Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри дирӯз 16-уми август рух дода буд.

Шоҳидони воқеа гуфта буданд, ин нақлиёти дипломатӣ аз ҷониби Амфитеатр ба ҷониби Кохи Борбад ҳаракат мекард ва дар хати сеюми роҳ ин духтаронро пахш кардааст.

Дар ҳамин ҳол дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ҳодисаи мазкур аз ҷониби КВД “Тоҷдипсервис”-и назди ВКХ таҳқиқ шуда истодааст ва маълумоти бештарро баъдан ба расонаҳо ирсол хоҳанд кард.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *