Беҳтарин оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак-озмун дар Суғд

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.
“Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор хоҳад шуд”, — қайд мешавад дар хабар.
Ғолибони озмун бо диплому вимпел ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, ғолибони бахши Ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин мутаносибан бо 6, 4 ва 2 ҳазор сомонӣ, деҳаи беҳтарин бо 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ, кӯчаи беҳтарин бо 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ, маҳаллаи беҳтарин бо 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ ва оилаи беҳтарин бо 3, 2 ва 1 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *