Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Беҳрӯз Зеваров “Аиша” -ашро аз “Mysterion” пасгирифт (Видео)

Чанде пеш дар Қазоқистон таронаи “Аиша” дар иҷрои гурӯҳи маъруф дар он кишвар “Mysterion” машҳур шуд. Аммо пас аз чанде намояндагони ин гурӯҳ эълом карданд, ки аз ин суруд даст мекашанд, чун “Аиша” моли овозхони тоҷик Беҳрӯз Зеваров будааст

 Дар бораи чӣ гуна бозхонӣ шудани таронаи «Аиша» ва аз номи дигарон машҳур шудани он дар Қазоқистон ва сипас дубора моли муаллиф гардиданаш, Беҳрӯз Зеваров худ  тавзеҳоте додааст.

«Охирҳои моҳи июл буд, ки ба ман хабар расид, ки гурӯҳи «Mysterions» суруди манро бозхонӣ кардаанд. Ман аввал ба сафҳаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ворид шуда, муайян кардам, ки онро дар саросари Қазоқистон паҳн кардаанд ва қасд доранд, ки клипе ҳам сабт кунанд», — гуфтааст Беҳрӯз Зеваров.

Овозхон пас аз бо ин гурӯҳ дар тамос мешавад, то аз «дуздон» бипурсад, ки чигуна ин сурудро аз они худ кардаанд.

«Дар ин гуна мавридҳо аслан «дуздон»-ро метавон ба додгоҳ кашид. Аммо ман хостам ба хубӣ ин масъаларо ҳал кунам», — гуфтааст вай.

Аз гуфтугӯҳои дуру дароз бо намояндагони гурӯҳи «Mysterions» ин овозхони машҳури тоҷик маълум карда, ки он сурудро Алишер Юлдошев ном яке аз кормандони фаннии студияи сабти суруд дар Тошканд фурӯхта аст.

» Алишер Юлдошев ин сурудро бе ризояти муаллиф ва ҳечгуна тағйире ба ин гурӯҳ фурӯхта аст», — гуфтааст Беҳрӯз Зеваров.

Ба гуфтаи вай чунин мавориде дар шоу-бизнеси ҷаҳонӣ бисёр пеш меояд ва дар се соли ахир вай шоҳиди он буда ки Гугуш аз Юлдуз Усмонова, Валӣ аз Баҳром Ғафурӣ ва Мавлуда Асалхоҷаева аз Шабнам Сурайё суруду тарона дуздидаанд.

Ҳоло гурӯҳи Mysterions аз Алишер Юлдошев маблағи харидаашонро бар гардонида, расман дар шабакаҳои иҷтимоъӣ эълон кардаанд, ки суруди дар замоне машҳуршудаи русии «Аиша»-ро иштибоҳан иҷро кардаанд ва аслан моли онҳо нест.

Бо чунин равише Беҳрӯз Зеваров ҳаққи таълифашро бар суруди «Аиша» барқарор кардааст.

Намоҳанги «Аиша» дар Тоҷикистон ба навор гирифта шуда  дар он нақши асосиро топ-модели тоҷик Фотима Мирзохонова иҷро мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.